Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
8 December 2016

 ҚАРОРИ РАИСИ   ШАҲРИ ДУШАНБЕ №279-1 аз 26.10 соли 2016

 

Дар бораи ба тавозуни Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус» гузаронидани троллейбусҳои тамғаи Тролза – 5275.03 «Пойтахт»

Ҷиҳати бо хизматрасонии нақлиёти барқӣ (троллейбус) таъмин намудани мусофирони шаҳри Душанбе, ки аз иҷрои қарордоди басташудаи сеҷонибаи №13-ЭТ-11/13 аз 25 августи соли 2014 байни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Корхонаи воҳиди давлатии «Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тролза-Маркет»-и шаҳри Энгелси Федератсияи Россия бармеояд, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.   15 (понздаҳ) адад троллейбуси тамғаи Тролза 5275.03 «Пойтахт», ки дар Корхонаи воҳиди давлатии «Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед» васлу насб шудаанд, тибқи борхати таҳвилии мол, ҳамчун моликияти коммуналии шаҳр, ҷиҳати истифодабари ба тавозуни Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе дар асоси санади дахлдор гузаронида шаванд.

2. Барои супоридани троллейбусҳо ба тавозуни Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе, ки дар банди 1-и Қарори мазкур дарҷ гардидаанд, комиссия дар ҳайати зерин:  Ҳакимов Н.Ҳ. – муовини  Раиси  шаҳри  Душанбе, Мақсудзода Ш. – муовини   Раиси   шаҳри   Душанбе,   Одинаев Ҷ.Т. 

– сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Камолов Х.И. – директори Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе, Искандаров Ғ.Қ. – директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиёт-хадамотрасон», Саидов Ф.Ҳ. – директори Корхонаи воҳиди давлатии «Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед» таъсис дода шуда, санади дахлдор барои тасдиқ ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

3. Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе Камолов Х.И. истифодаи мақсадноки троллейбусҳои зикршударо бо тартиби муқарраргардида ба роҳ монад.

4. Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Одинаев Ҷ.Т.) ба маълумоти ҳисоботӣ   тағйироти дахлдор ворид намояд .

5. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

7. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҳакимов Н.Ҳ. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ