Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 December 2016

 ҲИСОБОТИ

Раиси шаҳри Душанбе

Маҳмадсаид Убайдуллоев

оид ба иҷрои нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, буҷети шаҳри Душанбе дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016, буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2015 ва вазифаҳои  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри татбиқи Барномаҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2017

 

  (15 декабри соли 2016)

 

Вакилони муҳтарам,

Ҳамдиёрони азиз!

Соли равон баъди чанд рӯзи башумор ҳамчун соли ҷашни бошукӯҳи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ватани маҳбубамон ва таҳкимбахши татбиқи бомароми сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути рушди муттасили иқтисодию иҷтимоӣ барои ҳар як инсон фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона дар саҳифаҳои таърихи  муосири давлатдориамон бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ҳамчун соли беназир хотирмон хоҳад монд.

Бо камоли эҳтиром тибқи банди 21 моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ҳисоботи худро оид ба иҷрои нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, буҷети шаҳри Душанбе дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016, буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2015 ва  вазифаҳои  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри татбиқи Барномаҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2017 ба иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум ва ба ин васила манзури аҳли ҷомеа гардонида, боварӣ дорем, ки дар баррасии он ва ироаи пешниҳоду ташаббусҳои навини созанда дар фаъолияти гуногунҷабҳаи  шаҳрдорӣ чун ҳамеша саҳми босазои худро хоҳед гузошт.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро дар доираи сиёсати Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва “Барномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба самтҳои асосии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳри Душанбе дар соли 2016” ба роҳ монда, баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, ислоҳоту дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, ба хусус истеҳсолӣ,  баланд  бардоштани сатҳи хизматрасониҳо ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ дар фазои идомаи «Соли ташаббусҳои созанда ва масъулияти шаҳрвандӣ», новобаста аз мушкилотҳои бӯҳронӣ ва ҷойдошта, як зумра тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуд, ки иҷрои нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ ва иҷтимоии зерин онро собит месозад: 

 

Матни пурраи ҳисобот дар формати МС Ворд