«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
30 November 2010

30 ноябри соли 2010 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» аз ҷониби  Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  расми фаъолияти нахустин Муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе» ҳусни оғоз бахшида шуд.

Муассисаи мазкур бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 460 аз 27 августи соли 2009 баҳри татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 391 аз 8 августи соли 2001 «Дар бораи Барномаи давлатии « Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001- 2010» ташкил ёфта, аз ҳисоби буҷети шаҳр Душанбе маблаѓузорӣ карда мешавад.

Марказ тибқи Оиннома таъиноти гуногунсоҳаи маслиҳативу маърифатӣ барои ҷавондухтарону занон дошта, чун институти нави робитагузор миёни ҷомеа ва шаҳрдорӣ оид ба дарёфт ва рафъи мушкилоти занон дар пойтахт адои хизмат хоҳад намуд.

Расми ифтитоҳи Марказ бо иштироки васеи намояндагони масъули сохторҳои кор бо занон ва оилаи сатҳи ҷумҳуриявию шаҳрӣ, созмонҳои ѓайриҳукуматӣ ва байналхалқии дар Тоҷикистон мустақар баргузор гардид.

Маҳмадсаид Убайдуллоев аҳли ҳузорро бо ин навгонӣ дар фазои иҷтимоии пойтахт самимона шодбош намуда, бо роҳнамоиҳои хеш дар фаъолияти минбаъдаи масъулини он, хамзамон изҳори умед намуд, ки Марказ бо ҷалби васеи потенсиали бонувони касбу кори гуногун аз иҷрои вазифаҳои таъинотиаш баромада, бо ташкили робитаи ногусастанӣ ва анҷоми пажўҳишҳои мустақилу мақсаднок дар ҷомеа баҳри ташаккули зеҳниву ақлонӣ, дарёфту тарбияи бонувони соҳибистеъдоди роҳбарикунанда ва пешниҳоди онҳо ба иҷрои вазифаҳо ба хизмати давлатӣ дар  сохторҳои шаҳрӣ нақши муассир хоҳад гузошт.

Марказ дар ошёнаи чоруми КВД «Маркази равобити пойтахт» ҷойгир буда, ба вазифаи директори он ҳуқукшинос- равоншинос Шаҳло Ҷўраева таъин гардидааст.