Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 February 2017

Дар бораи омодагӣ ва таҷлили

Иди байналмилалии  Наврӯз-2017

дар шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ ва бо истифода аз суннатҳои ниёгон таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз-2017, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 171 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг»

 

Қ А Р О Р   М Е К У Н А М :

 

1.       Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳайати Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз-2017 дар шаҳри Душанбе тибқи замимаҳои №1 ва №2 тасдиқ карда шаванд.

2.       Роҳбарони идора, корхона, муассиса, ташкилот ва субъектҳои хоҷагидории шаҳри Душанбе то 15 марти соли 2017 ороиши наврӯзии биноҳо ва ободонии атрофи онҳоро ба анҷом расонанд.

3. Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М., муовинони Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., Назирмадзода Б., Саидзода Қ.Т.,  Ҷумазода Ф.Т.,  раисони  ноҳияҳои  шаҳр (Табарзода Ҷ. А., Ҳакимзода Н. Ҳ., Самӣ Ш. Ҳ. ва Салимзода Н. Ф.) роҳбарони сохторҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута ва мақомоти дахлдори шаҳр тамоми шароити заруриро барои ташкили чорабиниҳои идона, сайругашти оммавӣ ва фароғати сокинони пойтахт дар рӯзҳои ид фароҳам оварда, иҷрои ҳатмии вазифаҳои тибқи Нақшаи чорабиниҳои зикршуда ба зиммаашон вогузоргардидаро таъмин намоянд.

3.            Роҳбари бадеии намоиши театришуда бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз-2017 ба зиммаи сардори Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе Назаров О.О. гузошта шуда, дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои илмию фарҳангӣ иштироки беҳтарин санъаткорону мутахассисони касбиро дар чорабинии идона дар  “Наврӯзгоҳи пойтахт” таъмин намояд.

4.       Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» (Юнусов Н.И.) бо ҷалби Корхонаи воҳиди давлатии «Таҷрибавӣ-истеҳсолӣ  оид ба шаклҳои  хурди  меъморӣ»-и  шаҳри Душанбе (Сафаров А.Ф.) ороиши бадеии шаҳрро ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз таъмин намояд.

5.       Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Қунғуротзода Ф.Қ), Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Салимов А.М), Раёсати хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе (Назарзода И.Р.), Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе  (Шарифзода Х.С.) ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Назаров А.А.) дар рӯзҳои ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳо ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, бехатарии зидди сӯхтор, навбатдории "Ёрии таъҷилӣ" ва беҳдошти ҳолати санитарӣ-эпидемиологӣ дар ҳудуди шаҳр, бахусус ҷойҳои баргузории чорабиниҳои оммавӣ ва фарҳангиву фароғатӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

6.       Шуъбаи  таҳлилӣ  ва иттилоотии  дастгоҳи  Раиси  шаҳри  Душанбе (Ҳакимзода А.У.) инъикоси васеи чорабиниҳои мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма, Муассисаи давлатии “Телевизиони пойтахт” ва Муассисаи давлатии рӯзномаи “Паёми Душанбе” ба роҳ монад.

7.       Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.гузошта шавад.

       

   

 

      Рустами Эмомалӣ