Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
20 February 2017

     Дар бораи эълон намудани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати  давлатӣ дар дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  

 Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва банди 6 Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647   тасдиқ  шудааст,

         

                                       Қ А Р О Р  М Е К У Н А М:

 

         1. Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин дар

 

                          а) дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе:

 

·        сармутахассиси шуъбаи кадрҳо -2  ҷой;

·        сармутахассиси шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотӣ;

·        сармутахассиси шуъбаи умумӣ ва протокол;

·        сармутахассиси шуъбаи сохтмон ва ободонӣ;

·        сармутахассиси бахши корҳои махсус;

·        сармутахассиси шуъбаи маъмурию ҳуқуқӣ;

·        мутахассиси пешбари  шуъбаи ташкилӣ;

·        мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо;

·        мутахассиси пешбари шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандон;

·        мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;

·        мутахассиси пешбари шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинӣ;

· мутахассиси пешбари шуъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия;

·  мутахассиси пешбари (муҳосиб-хазинадор) шуъбаи муҳосибот ва хоҷагӣ;

·        мутахассиси шуъбаи коммуналию муҳандисӣ.

 

                       

б) мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе:

 

·        сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оила;

·        сармутахассиси Раёсати рушди иқтисод ва савдо;

·        сармутахассиси Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ;

·   сармутахассиси шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе - 2 ҷой;

·        сармутахассиси шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;

·        сармутахассиси бахш оид ба ҳуқуқи кӯдак;

·  сармутахассиси шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ;

·      мутахассиси пешбари Раёсати кор бо занон ва оила;

·       мутахассиси пешбари Раёсти рушди иқтисод ва савдо - 2 ҷой;

· мутахассиси пешбари шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе;

·  мутахассиси пешбари шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ

·       мутахассиси Раёсати рушди иқтисод ва савдо;

·      мутахассисиси Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ;

· мутахассиси шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.

 

 

       2. Аз 20 феврал то 12 марти  соли 2017  озмун  эълон ва натиҷаи он на дертар  аз  16 марти  соли 2017 ҷамъбаст  карда шавад.

       3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси рафти иҷрои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

       4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  Саидзода Т.Н. гузошта шавад.

                                                                                                                 

                                                                                            

                                                                                   Рустами Эмомалӣ

 

 

 

   

Тибқи қарори мазкур барои ишғоли 31 мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе,  аз ҷумла дар вазифаҳои сармутахассис, мутахассиси пешбар ва мутахассис озмун эълон карда мешавад.

Довталабон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳуҷҷатҳои зеринро ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд:

 

- аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;

 

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси

  андозаи  3x4 );

 

- тарҷумаи ҳол;

 

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

 

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

 

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли  038 УЕ);

 

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

 

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

- маълумотнома (резюме) дар шакли электронӣ.

   Довталабон бояд ҳатман маълумоти олии касбӣ ва тибқи талаботи муқарраргардида ба мансаби интихобнамуда собиқаи корӣ дошта бошанд.

 

Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 12  марти  соли 2017.

Маош дар мансабҳои пешниҳодгардида чунин муқаррар гардидааст:

1. Сармутахассис - 895 сомонӣ

2. Мутахассиси пешбар - 733 сомонӣ

3. Мутахассис - 603 сомонӣ