Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 February 2017

  Дар бораи ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти  кишоварзию агросаноатӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз - 2017 дар  шаҳри  Душанбе 

 

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз-2017 ва таъмини сокинону меҳмонони шаҳр бо маҳсулоти хушсифати кишоварзию агросаноатӣ мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»

Қ А Р О Р     М Е К У Н А М:

 

1.  Аз 18 то 20-уми марти соли 2017 дар ҷойҳои зермуайяншуда ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ ташкил карда шавад:

     - таваққуфгоҳи назди КВД «Маҷмааи савдои Пойтахт-90» барои муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суѓд, Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот»;

      - майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и  КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» барои муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Агентии захираҳои  моддии   назди   Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва

Иттифоқи «Тоҷикматлубот»;      

       - кӯчаи Ҳусейнзода, 36 (назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) барои муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод, Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот»;   

     - қисмати ҷанубии Муассисаи давлатии «Боѓи фарҳангу фароѓатии Дӯстии халқҳо» барои муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Хатлон, Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот».

      2. Аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» хоҳиш карда шавад, ки иштироки фаъолонаи хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ва сохторҳои тобеи худро дар ярмаркаҳо таъмин намоянд.

        3. И.в. раисони ноҳияҳои И.Сомонӣ - Самӣ Ш.Ҳ., Шоҳмансур -Ҳакимзода Н.Ҳ., Сино - Салимзода Н.Ф. ва раиси ноҳияи  Фирдавсӣ -Табарзода Ҷ.А. дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳрӣ бобати дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ гузаронидани чорабиниҳои мазкур ҷойгир кардани хайма, раста ва чодарҳои сабуки савдо, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯй мебошанд, ҷалби ҳарчи бештари сокинону меҳмонони шаҳр ба он, инчунин ҳавасмандгардонии моддию маънавии хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар субъектҳои истеҳсолӣ, ки дар ярмарка фаъолона ширкат варзидаанд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.

      4. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Қунѓуротзода Ф.Қ.), Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе (Назарзода И.Ҳ.), Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри Душанбе (Қармишев Б.Д.), Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Назаров Х.А.) тартиботи ҷамъиятӣ, қоидаҳои зиддисӯхторӣ, сифати маҳсулоти воридшуда, риояи талаботи санитарию гигиениро дар доираи салоҳияти худ таъмин намоянд.

                5. Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» ороиши макони ярмаркаҳоро бо лавҳа, шиору навиштаҷоти идона таъмин намояд.

      6. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Телевизиони пойтахт», Муассисаи давлатии рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси ҳамаҷонибаи иҷрои қарори  мазкурро ба роҳ монанд.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Назирмадзода Б. гузошта шавад.

 

                                                                       

                                                                             Рустами Эмомалӣ