Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 December 2010

6 декабри соли 2010 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  дар шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ  оид ба баррасии масоили сохтмонӣ ва рафти иҷрои Қарорҳои марбутаи Раиси шаҳри Душанбе бобати ҷудо намудани қитъаи замин ва  иҷозати сохтмони иншооти мухталиф дар асоси Нақшаи генералӣ ба шахсони воқеиву ҳуқуқӣ тибқи таҳлилҳои анҷомдодаи масъулини шаҳрдорӣ, таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа роҳбарон ва намояндагони сохторҳои масъули ҷумҳуриявӣ, масъулини шаҳрдорӣ ва соҳибмулкони беш аз 100 иншооти дахлдор ширкат варзиданд. Зимни баррасии ҳолати ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти зикргардида, маълум гардид, ки бо вуҷуди  дар асоси Қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе сурат гирифтани корҳои сохтмонӣ аз ҷониби на ҳама соҳибмулкон иншоот пас аз сохтмон ба комиссияи давлатии қабул пешниҳод гашта, хилофи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқукӣ оид ба сохтмон ва меъморӣ онҳо мавриди истифода қарор гирифта, бо ҷурми ин камбудиҳои ҷойдошта дар ҳисоботҳои оморӣ маълумот ирсол нагаштаанд.

Раиси шаҳр бо мақсади таъмини волоияти қонун дар бахши сохтмон ва меъморӣ, ки он ҳам пеш аз ҳама  ба  манфиати шахсони ҳуқуқию воқеии сохтмонкунанда ва дар маҷмӯъ ҷомеа, ки аз онҳо истифода хоҳанд намуд, аз прокуратураи шаҳр ва ноҳияҳои пойтахт хоҳиш ба амал овард, ки тибқи гузориши баррасишуда дар мӯҳлати 10 рӯз санҷишхои прокурориро анҷом дода, оид ба ҳолати воқеӣ ва рафъи камбудиҳои мавҷуда бо андешидани тадбирҳо дар асоси муқаррароти  қонунгузории амалкунанда, унвонии шаҳрдорӣ ахборот ирсол доранд.

Дар ин зимн сохторҳои марбутаи Агентиҳои омор,  сохтмон ва меъморӣ дар шаҳри Душанберо муваззаф сохт, ки  корҳои баҳисобгирии давлатӣ ва назорати сохтмониро дар ҳудуди шаҳр тақвият бахшида, ҷиҳати пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.

Ҳамзамон дар чаласа масоили рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнии шаҳрдорӣ ба ифтихори 20-солагии Истиқлолият: нахустин бинои бистошёнаи «Душанбе-плаза» ва Боғи умумишаҳрии фарҳангию фароғатӣ дар маҳаллаи Буни ҳисорак, ки аз ҳисоби буҷети шаҳр қомат меафрозанд баррасӣ гардида, тадбирҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба дастгирию ҳавасмандсозии субъектҳои сохтмонии дар маъракаҳои ободонӣ ширкаткунанда матраҳ карда шуданд.

Инчунин дигар масъалаҳои марбут ба ҳаёти хоҷагидории пойтахт, аз қабили вазъи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, таъмиру ободонии роҳҳо, таъминот бо оби нӯшокӣ ва омодагиҳои сохторҳо ба мавсими сардӣ ҳаллу фасл гардиданд.