Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
30 March 2017

 Оид ба  ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2017

 

Бо мақсади иҷрои  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, №34 «Дар бораи Тартиб ва андози хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои талаботи санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда дар корхонаҳо» ва фароҳам овардани шароити мусоид дар давраи истироҳати тобистона, барои беҳдошти саломатии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки аз буҷети шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он маблағгузорӣ карда мешаванд, ҷалби онҳо ба корҳои сайёҳиву кишваршиносӣ, тарбияи ватандӯстиву завқи зебоипарастӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  мақомоти  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

 

1. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, №34 «Дар бораи Тартиб ва андози хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои талаботи санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда дар корхонаҳо» барои иҷро ба роҳбарӣ гирифта шавад.

2. Истироҳати хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки аз буҷети шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он маблағгузорӣ карда мешаванд, дар мавсими таътили тобистонаи соли 2017 дар истироҳатгоҳҳои берунишаҳрӣ ва майдончаҳои тандурустии солимгардонии назди муассисаҳои таълимии шаҳр тибқи замимаҳои 1 ва 2 гузаронида шавад.

    3. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе:

- Шоҳмансур (Ҳакимзода Н.Ҳ.), Сино (Салимзода Н.Ф.), Исмоили Сомонӣ (Самӣ Ш.), Фирдавсӣ (Табарзода Ҷ.А.) дар истироҳатгоҳҳои берунишаҳрии «Зимчуруд», «Гулхан», «Шарора» ва «Орзу», ки дар тавозуни шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе мебошанд, то 15 майи соли 2017 корҳои ободонӣ, сохтмонӣ, таъмиру барқароркунӣ, таҷҳизонидани биноҳо, майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, кабудизоркунию ниҳолшинонии истироҳатгоҳҳо ва майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимиеро, ки дар онҳо ташкилу баргузории истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон пешбинӣ шудаанд, ба анҷом расонида, иншооти мазкурро барои қабули наврасон омода намоянд ва аз натиҷаи корҳои анҷомдода ба Раиси шаҳри Душанбе маълумотнома  пешниҳод намоянд;

- мутобиқи замимаҳои 1 ва 2 қарори мазкур истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони муассисаҳои таълимии шаҳр, дар навбати аввал, истироҳати  кӯдакони ятиму бепарастор, аз ҷумла хонандагони мактаб-интернатҳои шаҳри Душанбе, хонандагони болаёқат ва душвортарбияро аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ташкил намуда, истифодабарии самараноку мақсадноки маблағҳоро таъмин намоянд.

4. Раёсати маорифи шаҳри Душанбе (Афғонов М.М.):

      - истироҳатгоҳҳои берунишаҳрӣ ва майдончаҳои  тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимии шаҳрро бо кадрҳои роҳбарикунанда, мураббия, омӯзгор ва роҳбарони бадеию варзишӣ таъмин намуда, доир ба ташкилу баргузории чорабиниҳои таълимию  тарбиявӣ ва фарҳангӣ, ки дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти кӯдакону наврасон мусоидат менамоянд, тадбирҳои самаранок андешад;

- дар истироҳатгоҳҳои берунишаҳрӣ ва майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе гурӯҳҳои истироҳатӣ-омӯзишии фанҳои дақиқ ва омӯзиши забонҳои русию англисиро барои хонандагони болаёқат ташкил намуда, фаъолияти онҳоро зери назорат қарор диҳад;

- оид ба натиҷаи иҷрои  қарори мазкур то 25 августи  соли 2017 ба Раиси шаҳри Душанбе маълумот пешниҳод намояд.

5. Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе (Шарифзода Х.) ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Назаров Х.А.) истироҳатгоҳҳои берунишаҳрӣ ва майдончаҳои тандурустиву солимгардонии  назди муассисаҳои  таълимии ба моликияти коммуналии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он мансубро бо доруворӣ ва мутахассисон таъмин намуда, барои ҳифзи саломатии кӯдакону наврасон мусоидат намуда, тозагӣ ва ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ будани ошхона, ҷойи хоб ва дигар иншооти зурурии истироҳатгоҳҳоро зери назорати қатъӣ  қарор диҳанд.

6. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Қунғуротзода Ф.) тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти кӯдакон ва наврасони муассисаҳои таълимии шаҳрро дар истироҳатгоҳҳои берунишаҳрӣ, майдончаҳои тандурустиву солимгардонӣ ва ҳангоми рафтуомад ба мавзеъҳои истироҳатӣ таъмин намояд.

7. Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе (Назарзода И.Ҳ.) оид ба пешгирии сӯхтор чораҳои зарурӣ андешида, бехатарии ҳаёти кӯдакону наврасон ва биною иншооти истироҳатгоҳҳои берунишаҳрӣ ва майдончаҳои тандурустиву солимгардониро зери назорат қарор диҳад.

8. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе (Ҳакимзода А.У.) рафти иҷрои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба таври васеъ инъикос намояд.

9. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини раиси шаҳри Душанбе  Муинӣ М.  гузошта шавад.

 

 

                                                                                      Рустами  Эмомалӣ