Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 April 2017

Дар бораи баргузор намудани Ниммарафони VIII байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт

Баҳри сазовор таҷлил намудани Рӯзи пойтахт, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарзи ҳаёти солим ва устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо шаҳри Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоидошта, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», моддаи 44 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ»

 

ҚАРОР   МЕКУНАМ

1.  Низомнома, ҳайати Кумитаи тадорукот, нақшаи чорабиниҳо ва сметаи хароҷоти Ниммарафони VIII байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт тибқи замимаҳои 1, 2, 3 ва 4 тасдиқ карда шаванд.

2.  Кумитаи тадорукот 15 апрели соли 2017, соати 900 мусобиқаи Ниммарафони VIII байналмилалии Душанберо мутобиқи хати дави муайянгардида доир намояд.

3.  Кумитаи тадорукот дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе Самӣ Ш.Ҳ. ва роҳбарони сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ доир намудани чорабинии зикршуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.

4.  Бо дарназардошти мақоми байналмилалӣ гирифтан ва дар рӯйхати мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаҳои дур ворид гардидани Ниммарафони байналмилалии Душанбе аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шавад, ки ҷиҳати дастрас намудани раводид барои варзишгарону меҳмонони даъватшуда ва дархосту пешниҳодҳо мусоидат намояд.

5.  Раёсати фарҳанг ва Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои таъмини асбобҳои пахши садо ва омодасозии макони оғозу анҷом, инчунин масъалаҳои тарғиботии мусобиқаи зикргардида тадбирҳои мушаххас андешанд.

6.  Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тандурустӣ, хадамоти давлатии оташнишонӣ, маориф, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ, риояи Маромномаи сокини пойтахт тадбирҳои зарурӣ андешанд.

7.  Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Убайдзода М.) аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои пардохти хароҷоти мусобиқаи Ниммарафони VIII байналмилалии Душанбе мутобиқи сметаи хароҷотии замимагардида 316620 (сесаду шонздаҳ ҳазору шаш саду бист) сомонӣ ҷудо намояд.

8.  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳакимзода А.У.), инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

9.  Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М. гузошта шавад.

 

 

 

         РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ