Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
13 April 2017

 Душанбе, 12.04.2017.  Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Корхонаи комммуналии воҳиди давлатии "Автобус-1" ташриф оварда, ҷараёни қабули автобусҳои нави мусофирбарро аз назар гузаронд. То  имрӯз 40 адад автобусҳои нави мусофиркашонии тамғаи  «Isuzu» барои хизматрасонӣ ба мусофирон вориди Душанбе шуда, боз 24 адади дигари онҳо ояндаи наздик ба пойтахт интиқол дода мешаванд.

Нақлиёти нави мусофирбар, ки дар корхонаи муштараки ҷопонию туркӣ дар Туркия истеҳсол гардидаанд, аз ҷониби ронандагони тоҷик ва таҳти роҳбаладии мутахассисони туркӣ ба пойтахт интиқол дода шуданд.

 

Автобусҳои нав дорои  26 ҷои нишаст буда, қобилияти ғунҷоишашон барои  70 нафар мусофир пешбинӣ шудааст. Дохили автобус бо камераҳои мушоҳидавӣ ва таблоҳои электронӣ, таҷҳизоти гармидеҳ ва сардкунанда муҷаҳаз мебошад.

Воситаҳои нави нақлиётӣ дорои шароити хуби хизматрасонӣ буда, бо низоми идораи электронӣ муҷаҳхаз мебошанд. Ба  мусофирон шароити хуби хизматрасонӣ муҳайё гардида, барои ашхоси дорои имкониятҳои маҳдуд, бахусус маъюбон барои ворид шудан бо аробачаҳои маъюбӣ шароит фароҳам оварда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки 15 феврали соли равон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо масъулину фаъолони пойтахт ба роҳбарияти шаҳри Душанбе ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани фаъолият ва сатҳи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, таъмини тартибу низом ва аз байн бурдани танбашавӣ дар роҳҳои пойтахт ва дар робита ба ин, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги хизматрасонӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд.

Пас аз муоинаи техникӣ ва ташхиси ҳамаҷониба автобусҳои нав рӯзи 15-уми апрел дар хатсайрҳои кӯчаи ба номи Рӯдакӣ ба фаъолият шуруъ мекунанд. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе рӯзи аввали фаъолият автобусҳои нав ба мусофирон ба таври ройгон хизмат мерасонанд. Пардохти роҳкиро дар нақлиёти ҷадид ба мисли пештара сурат гирифта, дар муддати 1,5-2 моҳи оянда дар нақлиёти мусофирбари пойтахт низоми нави пардохти роҳикро ба воситаи кортҳои электронӣ ба роҳ монда мешавад.  

Раиси шаҳр зимни суҳбат бо ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбар таваҷҷуҳи онҳоро ба баланд бардоштани маданияти    хизматрасонӣ, дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, истифодаи оқилонаи воситаи техникӣ, ҷорӣ намудани сару либоси ягона барои ронандагон, риояи аломатҳои роҳу ҳаракат ва бахусус нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёт дар истгоҳҳоимуайяншуда ҷалб намуд.
 
Арзиши як адад автобуси тамғаи «Isuzu» тақрибан 90 ҳазор доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил медиҳад, ҳол он ки   нархи як адад автобуси ширкати ЛиАЗ-и истеҳсоли Федератсияи Россия, ки имрӯз дар хатсайрҳои шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, 126 ҳазор доллари ИМА мебошад.

Ба масъулини назорати ҳаракат дар роҳҳо дастур дода шуд, ки ҳаракати бехатари воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, бахусус автобусу троллейбусҳоро зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд ва ба қоида- айронкунӣ дар хатсайрҳо ва танбашавии нақлиёт роҳ надиҳанд.

Бо ба кор оғоз кардани автобусҳои нав дар хатсайрҳои пойтахт мушкилоти мусофиркашонӣ дар шаҳри Душанбе ҳалли худро пайдо хоҳад кард, зеро 10 адад микроавтобусҳо агар майдони 325 метри мураббаъро ишғол кунанд, пас як адад автобуси тамғаи «Isuzu» танҳо масоҳати 72 метри мураббаъро фаро мегирад.

Ҳоло  дар ҳудуди пойтахт 250 адад автобусу троллейбусҳо ва ду ҳазор микроавтобусҳои бахши хусусӣ ба мусофирон хизмат мерасонанд.

Харидории автобусҳои нав аз Туркия ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар бахши нақлиёти мусофиркашонӣ дар пойтахт ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.