Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
13 April 2017

 

 Душанбе, 12.04.2017.   Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Игор Лякин-Фролов мулоқот кард.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои   гуногунҷанбаи  ҳамкориҳои миёни  шаҳри Душанбе ва   Федератсия Россия мавриди баррасии амиқ қарор гирифт.

Ҷонибҳо бештар ба мавзуъоти такмили робитаҳо дар доираи муносибатҳои шарикии стратегии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дахл карданд.

Таъкид гардид, ки тайи 25 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар  ҳамкориҳо сатҳу   уфуқҳои навро касб карданд.

Дар ин давра шаҳри Душанбе бо шаҳри Санкт-Петербург муносибатҳои бародаршаҳриро ба роҳ монда, бо дигар шаҳру вилоят ва минтақаҳои Россия равобити ҳамкориро  вусъат бахшид.

Қисми бештари мулоқот ба масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо субъектҳои хоҷагидори Федератсияи Россия дар соҳаҳои гуногун бахшида шуд.

Мулоқот ба таври созанда ва дар фазои якдигарфаҳмии комил сурат гирифт.