«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
16 December 2010

16 декабри соли 2010 дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи сеюми  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

Дар он аъзои Маҷлиси миллӣ бо интихоби котибот ва тасдиқи рӯзномаи иҷлосия ба баррасии 48 масъалаҳои дар он шомилгардида, шурӯъ намуданд.

            Аъзои Маҷлиси миллӣ зимни баррасии масъалаҳо бо хулоса аз гузоришҳои аз тарафи раисон ва муовинони Кумитаҳои марбутаи Маҷлиси миллӣ Мамадшо Илолов, Матлубхон Давлатов, Муним Холиқов, Убайдулло Қурбонов ва Садриддин Шарипов пешниҳодгардида, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии ҳар кадоми онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда, ки аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гашта, баъд аз қабули Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ унвонии Маҷлиси миллӣ пешниҳодёфтаро бо мавриди муҳокима қарор додан ҷонибдорӣ намуданд.

             13 қонунҳои наву мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ», «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи маърифати экологӣ», «Дар бораи тибби оилавӣ», «Дар бораи иммунопрофилактикаи бемориҳои сироятӣ», «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» ва «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»  дар ин зимн аз қабили масоили мавриди дастгирии аъзои Маҷлиси миллӣ буданд.

Дар иҷлосия зимни баррасии Конунҳо  аъзои Маҷлиси миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»-ро, ки бо як қатор камбудиҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул гардидааст, ҷонибдорӣ накарданд.      

Ҳамзамон, тибқи рӯзнома аъзои Маҷлиси миллӣ дар асоси пешниҳоди Президенти мамалакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои бо сабаби бо кори дигар гузаштан аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдуҷаббор Қодировро ҷонибдорӣ карда, Қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазифаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баррасии оммавии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  ва «Дар бораи Эъломияи Конфронси сеюми умумиҷаҳонии раисони парламентҳо дар мавзӯи «Таъминоти масъулият ва ҳисоботнокии куллии демократӣ ба хотири манофеи омма»-ро бо   тасдиқ  намуданд. 

            Дар фарҷоми иҷлосия  Маҳмадсаид Убайдуллоев  тавачҷӯҳи аъзои Маҷлиси миллӣ ва кормандони дастгоҳи Маҷлиси