Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
1 May 2017

 Ба таваҷҷўҳи сокинони шаҳри Душанбе расонида мешавад, ки тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №154 аз 5 апрели соли 2017 ва бо мақсади банақшагирии стратегии рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе, мувофиқасозии мавқею нуқтаи назари мақомотҳои давлатӣ, сохторҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷалби қисмати фаъоли аҳли ҷамоатчигии шаҳр дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ айни замон Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025 таҳия шуда истодааст.       

Аз ин лиҳоз, бо дарназардошти фикру мулоҳиза ва  таклифҳои созандаи сокинони шаҳр ва ба вуҷуд овардани шароити мусоид ҷиҳати бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешниҳодҳои созанда ва креативии сокинони шаҳрро ба Гурӯҳи корӣ тариқи почтаи электронии barnoma2025@mail.ru ё бо телефони 987 - 96 - 00 - 00 хоҳиш менамоем.