Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
20 December 2010

17 декабри соли 2010 дар толори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ мулоқоти вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз хавзаи интихоботии шаҳри №25- Раиси шаҳри Душанбе Махмадсаид Убайдуллоев бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Мулоқоти мазкур дар доираи иҷрои муқаррароти қарори дахлдори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати чорум, ки бояд ҳар як вакил қабл аз баргузории иҷлосияҳо бо интихобкунандагон вохўриҳо анҷом дода, масъалаҳои ба ташвишовардаи интихобкунандагонро, ки фарогири салоҳияти маҷлиси намояндагии шаҳрӣ маҳсуб меёбад барои баррасӣ пешниҳод намоянд, амалӣ карда шуд.

Дар ҷараёни мулоқоти пурмўҳтаво Маҳмадсаид Убайдуллоев қаблан аҳли ҳузорро аз ҷараёни татбиқи барномаҳои шаҳрдорӣ оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр ва дурнамои фаъолияти хоҷагидорӣ шинос намуда, сипас аз муроҷиатҳои интихобкунандагон пазироӣ кард.

Зимни саволу посухҳои воқеӣ ва ҳалли муроҷиатҳои баррасишуда интихобкунандагон аз вакили худ изҳори сипос намуданд, ки дар садоқат ба мулоқотҳои қаблазинтихоботӣ анҷом дода, имрўз чун воқеияти сухан ва амал дидорашон сурат мегирад.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо истифода аз ин вохўрӣ таваҷҷўҳи иштирокдоронро ба ширкати фаъолона дар муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нигаронида, даъват ба миён овард, ки бо истифода аз потенсиали аҳли ҷамоатчигии пойтахт барои мукаммалсозии лоиҳаи қонун, чун ҳамеша бо ибтикору саҳмгузорӣ ба ташаббусҳои созанда, нақши муассир гузоранд.