Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 May 2017

 Дар бораи баргузор намудани чорабинии «Кушодашавии мавсими мототсиклронӣ - 2017»

 

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ доир намудани чорабинии «Кушодашавии мавсими мототсиклронӣ - 2017» ва бо ҳамин роҳ дастгирӣ намудани ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар доираи таҷлили 72-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

       1. Ба клуби мототсиклронҳои «Ирбис» барои баргузор намудани чорабинии «Кушодашавии мавсими мототсиклронӣ - 2017» санаи 6 майи соли 2017, аз соати 1100 то 1400 иҷозат дода шавад.

      2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Қ.Т. баҳри дар сатҳи зарурӣ доир намудани «Кушодашавии мавсими мототсиклронӣ - 2017» чораҳои зарурӣ андешад.

      3. Макони ҷамъшавӣ ва бақайдгирии иштирокчиён дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» аз соати 1100 то 1200 муайян карда, ҳаракати қатораи иштирокчиён бо мушоиати автомобилҳои роҳбонии шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ба самти кӯчаи Карамов - хиёбони Рӯдакӣ, гардиш ба тарафи рост то чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ - кӯчаи Бухоро, гардиш ба кӯчаҳои Бухоро - Турсунзода, гардиш ба тарафи рост - кӯчаи Шоҳтемур, ҳаракат то роҳи ҳалқавии гардиши назди Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Комбинати хӯроквории Тоҷикистон» ва баромад ба кӯчаи Дӯстии халқҳо то клуби мототсиклронҳо ба роҳ монда шавад. 

      4. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва тандурустии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилии тиббӣ» ва риояи Маромномаи сокини пойтахт зимни баргузории чорабинӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

        5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбеакимзода А.У.), муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» (Рауфзода С.), «Рӯзномаи Паёми Душанбе» (Ҳусейнзода Ш.Н.) қарори мазкур ва рафти чорабиниро тариқи воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос намоянд.

       6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Қ.Т. вогузор карда шавад.                    

                                                                                                                                                                                                     Рустами Эмомалӣ