Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 Май 2017

 Дар бораи эълон ва баргузор намудани «Ҳафтаи  технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» дар доираи эълон гардидани соли 2017 чун Соли ҷавонон

 

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи фарҳанги техникӣ, тарғиби маданияти истифодабарии иттилооти интернетӣ, ҷорӣ намудани техникаю технологияи инноватсионии муосир дар раванди таълим, сайқал додани донишу маҳорат ва дастгирии  ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

                                  

ҚАРОР   МЕКУНАМ :

 

1. Аз 15 то 22 майи соли 2017 дар шаҳри Душанбе «Ҳафтаи технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» эълон ва баргузор карда шавад.

2.Нақшаи чорабиниҳои замимагардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир ба эълон ва баргузор намудани «Ҳафтаи технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» тасдиқ карда шавад.

3.1Маросими расмии кушодашавии «Ҳафтаи технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» рӯзи 15 майи соли 2017, соати 1400 дар толори Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва маросими пӯшидашавии он 20 майи соли 2017, соати 1600 дар толори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҷавонон» -и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир карда шавад.

4. Муовини Раиси шаҳри Душанбе (Муинӣ М.М.), сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе (Азизӣ М.), Муассисаи давлатии «Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» бобати дар сатҳи баланди илмию фарҳангӣ ва ташкилӣ баргузор намудани «Ҳафтаи технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» тадбирҳои амалӣ андешанд.

5. Сохторҳои алоқаманди дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати баргузории чорабиниҳое, ки дар доираи «Ҳафтаи технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» ба нақша гирифта шудаанд, муосидат намоянд.

6. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳакимзода А.У.), муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» (Рауфзода С.), «Рӯзномаи Паёми Душанбе» (Ҳусейнзода Ш.Н.) қарори мазкур ва рафти баргузории чорабиниҳоро тариқи воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос намоянд.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М. гузошта шавад.

 

 

          Рустами Эмомалӣ