Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 Май 2017

 Дар бораи баргузор намудани мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

 

       Бо мақсади рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, фароҳам овардани имконоти фароғату истироҳати сокинони пойтахт, ташвиқу тарғиби пойгаи аспдавонӣ дар ҷумҳурӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»                                                                                      

 

Қ А Р О Р     М Е К У Н А М:

 

1.  Рӯзи 20 майи соли 2017, соати 1700 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе Мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ баргузор карда шавад.

2.  Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҳайати кумитаи тадорукот тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.

3.  Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М., муовинони Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., Ҷумазода Ф.Т., раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Самӣ Ш.Ҳ., Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо кумитаи тадорукот, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи бузкашӣ ва пойгаи Тоҷикистон барои даъват ва ҷалби беҳтарин аспсаворон ва корхонаҳои асппарварии ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

4.  Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе барои таъмини асбобҳои пахши садо ва ташкили барномаи фарҳангӣ бо ҷалби ҳунармандони беҳтарин дар ҷойи баргузории мусобиқаи зикргардида тадбирҳои мушаххас андешад.

5.  Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тандурустӣ, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ ва риояи Маромномаи сокини пойтахт чораҳои зарурӣ андешанд.

6.  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси муҳтавои қарор ва чорабинии мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

7.  Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М. ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М. гузошта шавад.

 

 

Рустами Эмомалӣ