Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 June 2017
Дар бораи баргузор намудани конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»: дастовард ва дурнамои он дар шаҳри Душанбе»

                                           

 

Бо мақсади натиҷагирӣ ва арзёбии дастовардҳои 10 солаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе, роҳандозӣ намудани усулҳои муассири пешгирии исрофкорӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

Қарор  мекунам:

1. Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»: дастовард ва дурнамои он дар шаҳри Душанбе» 14 июни соли 2017 соати 9:00 дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» баргузор карда шавад.

 2. Барнома ва харҷномаи баргузории конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»: дастовард ва дурнамои он дар шаҳри Душанбе» тасдиқ карда шаванд (замимаҳо 1 ва 2).

3. Шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани чорабинии мазкур тадбирҳо андешанд.

4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе хароҷоти молиявии баргузории конференсияи мазкурро аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе тибқи ҳисобнома таъмин намояд (замимаи 3).

5. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пардохти саривақтии маблағи ҷудошударо мувофиқи замимаи 2 таъмин намоянд.

6. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷӣ, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва «Паёми Душанбе» ҷиҳати инъикоси чорабинии мазкур тавассути васоити ахбори омма чораандешӣ намоянд.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

 

Рустами Эмомалӣ

 

 

БАРНОМАИ

конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи

«Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»: дастовард ва дурнамои он дар шаҳри Душанбе»

                                          

Ташкилкунанда

Мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Даъватшудагон ва иштирокчиён

Намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олимону муҳаққиқон, масъулони тарабхонаҳо, раисони маҳаллаҳо, имомхатибони фаъол ва васоити ахбори омма

Замон ва макони баргузорӣ

14 июни соли 2017, соати 9:00 толори Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза»

Рафти барнома

08:00 – 09:00

Омодагӣ ба баргузории Конференсия:

 бақайдгирии меҳмонон ва иштирокчиён

09:00 – 09:10

Сухани ифтитоҳии муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ

09:10 – 09:20

Суханронии намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

09:20 – 09:25

Баромади намояндаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

09:25 – 09:30

Баромади Раиси Кумитаи дин

Ироаи маърӯзаҳо

10:00 – 10:10

Холиқзода А.Ғ., Раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии  маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавзӯи «Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана  ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон»-илҳомбахши ислоҳоти  маънавӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеа»

10:10 – 10:20

Раҳимзода М.З., Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Табиати ҳуқуқӣ ва зарурати танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»                                              

10:20 – 10:30

Маҳмудзода М. А.,

Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Зарурат ва аҳамияти таърихии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

10:30 – 10:40

Сафаров С. С.,

Муовини аввали Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амалишавии қонуни танзим дар шаҳри Душанбе: дастовард ва дурнамо»

10:40 – 10:50

Баротзода Ф.Б., Директори Маркази

исломшиносии назди Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Баъзе андешаҳо доир ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе»

10:50 – 11:00

Саидзода Х., Прокурори шаҳри Душанбе

дар мавзӯи «Мусоидати қонуни миллӣ ба амалишавии дигар қонунҳои амалкунанда»

11:00 – 11:10

Норасов А.А., Мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии МИҲД-и шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Ахборот оид ба даҳ соли сарфаву сариштакорӣ дар шаҳри Душанбе» (2010-2017)

11:10 – 11:15

Музокира ва саволу ҷавоб

11:15-11:25

Ҷамъбасти Конференсия