Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 June 2017

   Душанбе, 19.06.2017.   Имрӯз дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  дар пойтахт  ба бунёди ва ифтитоҳи як силсила иншооти нав заминагузорӣ карданд.  

Нахуст Раиси шаҳр дар муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии № 6 -и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба сохтмони бинои иловагии таълимӣ барои 1200  ҷойи нишаст санги асос гузошт. Лозим ба зикр аст, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6 соли 1938 таъсис ёфта, бинои он кӯҳнаю фарсуда гардидааст.

Айни ҳол мактаб дорои 740 ҷойи нишаст буда, дар он дар ду баст 1241 нафар хонанда таҳсил мекунад.

Сохтмони бинои нави таълимӣ аз ҳисоби Ҷамъияти саҳомии "Тоҷикэлектромонтаж" сурат гирифта, лоиҳаи онро мутахассисони Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Саноатсоз" тарҳрезӣ кардаанд.

Имрӯз ҳамчунин ба бунёди мактаби нав - Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №102 дар кӯчаи "Дӯстии халқҳо"-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт барои 1200 нафар хонанда дар як баст замина гузошта шуд.

Лоиҳаи мактаби навро, ки аз 4 ошёна иборат аст, мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии "Лоиҳакаш" тарҳрезӣ кардаанд. Сохтмони муассисаи нави таълимӣ аз ҳисоби Ҷамъияти саҳомии "Тоҷикгидромонтаж" бунёд мешавад.  

Раиси шаҳри Душанбе имрӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ ба бунёди бинои иловагии мактаб санги асос гузоштанд. Сохтмони бинои нав барои 1200 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, он аз ҳисоби соҳибкори ватанӣ Изатулло Давлатов бунёд мегардад.

Лозим ба ёдоварист, ки муассисаи таълимии №11 ҳанӯз соли 1933 барои 970 нафар хонанда бунёд шуда, айни ҳол дар он 1731 хонанда таҳсил мекунад  Корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Элит-Строй-Сервис" анҷом дода шудааст.

Зимни боздид аз маҳалли сохтмон ва суҳбату мулоқот бо сохтмончиён Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи бинокоронро ба баланд бардоштани сифату самараи корҳои бунёдӣ бо истифода аз масолеҳи хушсифат ва боз ҳам беҳтару хубтар  муҳайё кардани шароити арзанда барои сокинон равона сохтанд.

Корҳои ободониву созандагӣ дар Душанбе идома дошта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ-маърифатиро вусъат бахшад.