Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 June 2017

 

ш.Душанбе, 23.06.2017,  Имрӯз дар арафаи таҷлили ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ифтитоҳи  як силсила иншоот ва роҳҳои автомобилгарди пойтахт  замина гузоштанд.

Нахуст бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе бинои панҷошёнаи истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар фазои идона ба 20 нафар соҳибони хуштолеъи он -хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви оилаҳои онҳо калиди ҳуҷраҳои хуштарҳу замонавии зист супурда шуд.

Бинои мазкур аз як даромадгоҳи асосӣ ва хонаҳои як, ду ва се ҳуҷрагӣ иборат буда, дар он 20 манзили истиқоматӣ мавҷуд мебошад. Тавре иттилоъ дода шуд, сохтмони бинои истиқоматӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ мавриди истифода қарор дода шудааст. Ҳаҷми умумии корҳои сохтмонии  иҷрогардида барои бунёди бинои истиқоматӣ 6 миллиону 280 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки он дорои тамоми шароитҳои зисту зиндагонӣ мебошад.

 

  

 

Раиси шаҳри Душанбе паёми шодбошии  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ифтихори ҷашни 20 солагии Ваҳдати миллӣ ба ҳозирин расонда, зикр намуданд, ки масъалаи таъмини хизматчиёни ҳарбӣ бо манзили истиқоматӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доша, тайи ин солҳо баҳри иҷрои ин мақсад корҳои зиёде амалӣ шудааст.    

 Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамчунин расман ба ифтитоҳ ва баҳрабардории қитъаи роҳи автомобилгарди хиёбони Борбад, аз  кӯчаи Шестопалов то кӯчаи Пахтакор, ки дар ҳудуди ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе ҷойгир аст,  ибтидо гузоштанд.

 Сохтмон ва азнавсозии роҳи автомобилгарди хиёбони Борбад дар асоси иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе сурат гирифта, аз ҷониби пудратчии асосӣ - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Роҳи тоҷик" ба маблағи беш аз навад миллион сомонӣ иҷро шудааст.  

Масофаи роҳ дар ин минтақа 5,35 км буда, дар масоҳати 134 ҳазору 424 метри мураббаъ ҷойгтр шудааст. Ҳамчунин роҳсозон дар азнавсозии ва барқароркунии шабакаҳои муҳандисӣ, аз ҷумла чароғонкунии беруна, хат ва ноқилҳои барқтаъминкунӣ, хатти троллейбус, шабакаҳои берунаи обтаъминкунӣ ва корезӣ, гармидиҳӣ ва алоқа корҳои зиёди созандагиро мувофиқи талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ба субут расондаанд.

  Имрӯз инчунин корҳои азнавсозии хиёбони Ҷ.Расулов, ки  аз хиёбони Б.Ғафуров оғоз ёфта, то кӯчаи Р.Набиев дар масофаи 3,47 км бо масоҳати 207 452 метри мураббаъ тӯл кашидааст, пурра ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни шиносоӣ бо ҳолат ва сифати қитъаи роҳи сохташуда ,  ба фаъолияти роҳсозон баҳои баланд доданд ва зикр намуданд, ки роҳбарияти шаҳр тамоми имконияту захираҳоро сафарбар мекунад, ки ҳамаи роҳҳои пойтахт ба сатҳи талаботи байналмилалӣ расонда шаванд.

Лоиҳаи азнавсозии қитъаи мазкур аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Автострада" тарҳрезӣ шуда, пудратчии асосии лоиҳа Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Идеал Сервис"  мебошад ва ҳаҷми корҳои азнавсозӣ наздики як саду бисту ҳафт  миллион сомониро ташкил медиҳад.

Масофаи пиёдароҳҳо тақрибан 19 км-ро ташкил дода,  сохтмончиён дар баробари роҳсозӣ корҳои кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, васли ҷӯйборҳои оҳану бетонӣ, сохтмон ва васли панҷараҳои иҳотавӣ, қуттиҳои партовҷамъкунӣ ва 19 адад истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятиро ба субут расондаанд.

 Дар қитъаи мазкур ҳамчунин насб ва васли чароғакҳои роҳнамо, 662 адад аломатҳои роҳ,   қубурҳои газгузаронӣ, обтаъминкунӣ ва корез, ноқилҳои барқӣ, алоқа, сутунҳои оҳанин анҷом дода шудаанд. Қитъаи роҳи мазкур бо назардошти тамоми унсурҳои роҳсозӣ бунёд шуда, дорои тамоми инфрасохтори коммуналӣ мебошад.  

 Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба баҳрабардории расмии    роҳи мошингарди кӯчаҳои Асадулло Ғуломов ва Муродулло Шерализодаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низ пас аз  анҷоми  корҳои навсозӣ  замина гузоштанд.

15-уми феврали соли равон зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва масъулини сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, соҳибкорон барои саҳм гузоштан дар бунёди роҳҳои кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ҳавасмандии худро изҳор намуда буданд.

Дар ин робита таъмиру асфалтпӯшкунии кӯчаҳои Муродулло Шерализода ва Асадулло Ғуломови ноҳияи Синоро соҳибкори инфиродӣ - Директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Элит-Строй-Сервис" Изатулло Давлатов   ба ӯҳда гирифта буд.  

 Сохтмончиён дар маҷмӯъ дар  кӯчаҳои зикргардида 7,44 км роҳи автомобилгардро бо масоҳати 84 ҳазору 634 метри мураббаъ асфалтпӯш намуда,  8,39 км канорасангҳоро барқарор карданд.

Дар ҳамаи қитъаҳои болозикр корҳои бунёдӣ ва азнавсозӣ  аз ҷониби сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва соҳибкори инфиродӣ бо истифода аз техникаву технологияи муосири роҳсозӣ бо сифати баланди ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ анҷом дода шудаанд.

Айни замон бо роҳандозии тамоми имконоти мавҷуда ва истифодаи таҷрибаву техникаи муосир бунёди роҳҳои кӯчаву хиёбонҳои шаҳр аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо саҳми соҳибкорон дар 4 ноҳияи пойтахт идома доранд.