«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 June 2017

 

ш.Душанбе, 28.06.2017,   Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳайати намояндагони ширкати "ТВЕА"- Ҷумҳурии Мардумии Чинро  таҳти роҳбарии Раиси ширкат Чжан Син ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои вобаста ба рушду ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сохторҳои марбутаи ширкат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Тавре таъкид гардид, саҳми ширкати "ТВЕА" дар таҳким ва густариши муносибатҳои Тоҷикистону Чин, бахусус дар бунёд ва сохтмони як силсила иншооти соҳаи энергетика назаррас аст.

Ба шарофати ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ширкати "ТВЕА" дар Тоҷикистон ҳалқаи ягонаи энергетикӣ бунёд гардида, интиқоли гармӣ ба маҳаллаҳои аҳолинишини Душанбе ба роҳ монда шудааст.

Маҳаки асосии гуфтушунидро татбиқи лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ дар шаҳри Душанбе ташкил дод.

Тавре зикр гардид, ширкати "ТВЕА" дар сохтмони маркази барқугармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе ва бунёди мактаби таҳсилоти умумӣ бо 1200 ҷойи нишаст дар ноҳияи Сино саҳмгузорӣ намудааст.

Ширкат тасмим гирифт, ки ояндаи наздик дар пойтахти мамлакат боз як муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд намояд.

Дар вохӯрӣ дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла бунёди намояндагии ширкат дар шаҳри Душанбе мавриди гуфтушунид қарор дода шуд.

Вохӯрӣ ба таври созанда ва дар фазои якдигарфаҳмӣ сипарӣ гардид.