Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 Июль 2017

 ш. Душанбе, 03.07.2017.    Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо муовини якум, муовинони Раис,  роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, масъулини дастгоҳи Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони сохтору мақомоти дахлдори шаҳри Душанбе дар робита ба ҳодисаи сӯхтор, ки шоми 2 июли соли 2017 дар ҳудуди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Бозори Корвон" ба амал омада буд, ҷаласаи корӣ доир намуд.

Дар ҷаласа, инчунин роҳбарият ва беш аз 200 нафар соҳибкорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Бозори Корвон" иштирок карданд.

Ҷаласа пас аз баррасии ҳамаҷонибаи сабабҳои сар задани ҳодисаи сӯхтор    қарор    кард:

1.                Муовини якуми раиси шаҳр Зувайдзода М.М. дар ҳамкорӣ бо сардорони раёсатҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе (Салимзода А.М.), Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе (Қунғуротзода Ф.Қ.), Хадамоти  давлатии оташнишонӣ (Назаров И.Ҳ.)  раисони ноҳияҳои шаҳр (Самӣ Ш.Ҳ., Салимзода Н.Ф., Ҳакимзода Н.Ҳ., Табарзода Ҷ.А.),  роҳбарони бозорҳои  шаҳр ҷиҳати  бо таҷҳизоти муосири  огоҳкунандаи  зидди сӯхтор таъмин намудани растаю дӯконҳои бозорҳо, марказҳои савдо ва иншооти баландошёнаи шаҳри Душанбе  чораҳои  амалиро роҳандозӣ намуда, аз натиҷаи корҳои иҷрошуда  то 1 сентябри соли 2017 ахбор манзур намоянд.

2.                 Муовини раиси шаҳр Назимадзода Б. якҷо бо Раёсати Хадамоти давлатии  отшанишонӣ  (Назаров И.Ҳ.) бо  дарназардошти нокифоя будани нақлиётҳои сӯхторхомӯшкунӣ дар сохторҳои шаҳрӣ (ҳамагӣ 22 адад)  масъалаи  минбаъд харид намудани нақлиёти мазкурро омӯхта, дар муддати 1 моҳ барои баргузор намудани хариди давлатӣ  таклифҳои худро манзур намоянд. 

3.                  Муовини якуми раиси шаҳр Зувайдзода М.М. дар хамкорӣ  бо раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳр  (Таварзода  Ҷ.А.), сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ Усмонов Қ., сардорони раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Қунғуротзода Ф.), Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳр  (Назаров И.Ҳ.) барои  сохтмони  бинои қисми оташнишонии ноҳияи Фирдавсӣ тадбирҳо андешида, ҷиҳати ҷойгиркунонӣ ва таҳияи лоиҳаи ангоравии он дар муддати як моҳ таклифҳои худро   пешниҳод намоянд.

4.                 Муовини якуми раиси шаҳр Зувайдзода М.М., муовини раиси шаҳр Муинӣ М.М., сардорони раёсатҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе (Салимзода А.М.), Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе (Қунғуротзода Ф.Қ.), дигар сохторҳои масъул барои амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни соҳибкорони зарардида ва расонидани ёрии ҳуқуқию равонӣ тадбирҳо андешанд.

5.                 Аз мақомоти прокуратураи шаҳр (Саидзода Х.)  хоҳиш карда шавад:

-   дар ҳамоҳангӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр  сабабҳои асосии рух додани ҳодисаи сӯхтор дар ҳудуди ҶДММ  «Бозори Корвон»-ро  ба таври  воқеӣ ва объективона ҳарчӣ зудтар  таҳқиқ  намуда, ба маълумоти ҷомеа расонанд.

       - гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони сохторҳои дахлдор, ҶДММ  «Бозори Корвон»  ва бо ҷалби намояндагони соҳибкорон  таъсис дода, бо гирифтани хулосаҳои коршиносон ҳарчӣ  зудтар ҳаҷми зарари ба ҳар як соҳибкор расидаро муайян карда, маълумотҳои заруриро барои андешидани тадбирҳо то 1 августи соли 2017 пешниҳод намоянд. 

- зимни таҳқиқи ҳодисаи мазкур шумораи  соҳибкороне, ки аз бонкҳои ҷумҳурӣ қарзҳо гирифта, молҳои онҳо дар натиҷаи сӯхтор қисман ё пурра нобуд шудаанд, муайян карда, бо замимаи ҳуҷҷатҳои  тасдиқкунанда ба  Раиси шаҳр пешниҳод намоянд.

6. Уҳдадории ихтиёрии директори ҶДММ  «Бозори Корвон» Машрабов Н.  оид ба масъалаҳои зерин ба инобат гирифта шавад:

  -  дар тӯли 2 (ду) сол аз  супоридани маблағи чинакпулии ҳаррӯза ва пардохти иҷорапулӣ пурра озод  кардани соҳибкороне, ки аз сӯхтор зарар дидаанд;

- дар муддати 1 моҳ  пурра ва бо риояи қоидаҳои зиддисӯхторӣ ба ҳолати аввала барқарор намудани тамоми нуқтаҳо ва растаҳои   савдо, ки дар натиҷаи сӯхтор зарар дидаанд ва ба соҳибкорон пешниҳод намудани онҳо;

- дар муддати 1 моҳ дар ҳамкорӣ бо Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии  шаҳри Душанбе (Назарзода И.Ҳ.) ба талаботи қоидаҳои зиддисӯхторӣ мутобиқ намудани тамоми ҳудуди бозор, аз ҷумла насб намудани таҷҳизоти худкори огоҳкунандаи сӯхтор ва пешниҳод намудани ахбор ба Раиси шаҳри Душанбе.