Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 January 2011

4 январи соли 2011 тибқи нақшаи шаҳрдорӣ майдончаҳои варзишию фароғатӣ бо таҷҳизотҳои замонавӣ барои кўдакон

дар ноҳияи Фирдавсӣ: маҳаллаи 46, кўчаи Деҳотӣ ба маблағи 542983 сомонӣ,  пудратчӣ-ҶДММ «Ойзулӣ» ва дар кўчаи Н. Қарабоев ба маблағи 366385  сомонӣ, пудратчӣ  ҶДММ «Меҳансоз»,

дар ноҳияи И. Сомонӣ: дар хиёбони Рўдакӣ  ба маблағи 406652 сомонӣ, пудратчӣ-ҶДММ «ТиСМ»  ва дар кўчаи Гагарин ба маблағи 295342 сомонӣ, пудратчӣ ҶДММ «Бедакиён»,

дар ноҳияи Шоҳмансур: дар маҳаллаи  Камоли  Хуҷандӣ ба маблағи  460287 сомонӣ,  пудратчӣ ҶДММ «Озарахш»,  маҳаллаи 7, Теппаҳои шарқӣ  ба маблағи 236416 сомонӣ, пудратчӣ ҶДММ «Сарикиштӣ», дар кўчаи Айнӣ -80 ба маблағи 169277 сомонӣ, пудратчӣ ҶДММ «Ҳоҷӣ-Яқуб»ва кўчаи Афзалӣ ба маблағи 91018 сомонӣ, пудратчӣ ҶДММ «Нивелир»

ва ноҳияи Сино: дар маҳаллаи 102 ба маблағи 298444 сомонӣ аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ «Иншоотсервис», ки  сохтмонашон бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе №552-6 аз 8 сентябри 2010 аз ҳисоби буҷети шаҳр то охири сол ба анҷом расонида мешуданд, дар мўҳлати муқарраргардида  ба истифодабарии сокинон дод шуданд.

Иншоотҳои нав ҳамчун марказҳои фароғатию варзишӣ шаҳраку маҳаллаҳои пойтахтро зеби тоза дода, чун армуғони солинавии шаҳрдорӣ аз ҷониби волидон ва кўдакони маҳал нек истиқбол гардид.

Ин иқидом аз ҷониби шаҳрдорӣ дар соли нав низ бо вусъат идома ёфта, дар асоси барномаи қаблан тарҳрезишуда, барои фароҳам овардани имкониятҳои варзишӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт 9 майдонҳои муосири варзишии бозии футбол, ки бо алафи сунъӣ рўйпўшгардидаанд  аз ҳисоби буҷети шаҳрӣ бунёд карда мешаванд.