Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 Сентябрь 2017

 Дар бораи ҷудо намудани маблағ

 

Бо мақсади дар арафаи таҷлили ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани кумакпулии яквақтаина ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, маъюбони рафъи садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил, амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе, ки дар ободонии пойтахт саҳми арзанда гузоштаанд, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаҳои 8 ва 9  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо»

 

                               ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе (Шоҳмансур - Ҳакимзода Н., Исмоили Сомонӣ - Самӣ Ш., Фирдавсӣ - Табарзода Ҷ., Сино - Салимзода Н.) барои дар арафаи ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби сарпарастон, фондҳои хайрия ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ, дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, расонидани кумаки моддӣ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ва шахсони яккаву танҳо мусоидат намоянд.

2. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе маблағи 4 806 600 (чор миллиону ҳаштсаду шаш ҳазору шашсад) сомонӣ ҷиҳати расондани кумакпулии яквақтаина, аз ҷумла 266 800 (дусаду шасту шаш ҳазору ҳаштсад) сомонӣ ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда (тибқи замимаи №1) ва маблағи 4 539 800 (чор миллиону панҷсаду сию нуҳ ҳазору ҳаштсад) сомонӣ ба кормандони Муассисаи давлатии «Боғи «Ғалаба» ва нигоҳдории ҷангал»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Нигоҳдорӣ ва истифодабарии иншоотҳо»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Раёсати оромгоҳҳо»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Раёсати обёрӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе (тибқи замимаи №2)  ҷудо намояд.                                                

3. Тақсимот ва супоридани маблағҳои аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар банди 2 ҳамин қарор зикршуда тавассути бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ноҳияҳои шаҳр то 8 сентябри соли равон тариқи зайл ба роҳ монда шавад:

- ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда аз ҷониби муовинони Раиси шаҳри Душанбе (Ҷумазода Ф. Т., Раҳимзода Т. К., Саидзода Қ.Т., Назирмадзода Б.) дар ноҳияҳои Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе ва кормандони раёсатҳои Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматии онҳо; 

- ба кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе, дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби  муовинони Раиси шаҳри Душанбе (ноҳияҳои Шоҳмансур - Ҷумазода Ф. Т., Исмоили Сомонӣ -Раҳимзода Т. К., Фирдавсӣ - Саидзода Қ.Т., Сино - Назирмадзода Б.,) бо иштироки намояндагони Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе.

4. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе истифодаи мақсаднок ва пардохти саривақтии маблағҳои ҷудошударо бо тартиби муқарраргардида таъмин созад.

  5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе сарпарасти соҳа гузошта шавад.

      

                                                

                                                                     Рустами Эмомалӣ