Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 Сентябрь 2017

 ш.Душанбе, 06.09.2017,  Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Душанбе-Плаза” Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Истиқлолият ва нақши он дар ташаккули ҳувияти миллӣ баргузор гардид.

 Дар кори Конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, масъулини сохторҳои шаҳрӣ ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.

 Кори Конференсияро нахуст муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат буда, он ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард”.

 Дар рафти Коференсия иштирокчиёни он дар мавзӯҳои  “Истиқлолият