Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
13 Сентябрь 2017
  Дар бораи баргузор намудани Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон - кишвари пешоҳангу ташаббускор оид ба татбиқи сиёсати байналмилалии об»

 

Бо мақсади дар сатҳи баланд тарғиб намудани сиёсат ва ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об, оқилона ҳифз намудани захираҳои обӣ дар шароити гармшавии иқлим, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳифзи захираҳои оби ошомиданӣ, вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар ҳама сатҳҳо ҷиҳати татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 ва иҷрои банди 5 Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 баён гардид,  мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»                                                                    

                              

ҚАРОР   МЕКУНАМ

 

1. Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон- кишвари пешоҳангу ташаббускор оид ба татбиқи сиёсати байналмилалии об»  20 сентябри соли 2017, соати 0900 дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» баргузор карда шавад.

        

2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани конференсияи мазкур тадбирҳо андешанд.

3. Муассисаи давлатии “Душанбе – Плаза” ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардидани чорабинии мазкур ҳамаҷониба мусоидат намояд.

4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ маблағи 9040 (нуҳ ҳазору чил) сомониро тибқи харҷномаи замимагардида ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.

5. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пардохти саривақтии маблағи ҷудошударо тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намояд.

6. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» қарори мазкур ва рафти баргузории чорабиниро тариқи воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос намоянд.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.   

                                                                 

                                                                  Рустами Эмомалӣ