Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 October 2017

 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори "Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" миёни дастаҳои вазорату идора, ташкилоту муассиса ва сохторҳои пойтахт аз 20 октябр то 16 ноябри соли 2017 мусобиқаи футболи хурдро барои дарёфти "Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе" баргузор менамояд.

Мусобиқа бо иштироки футболбозони беш аз 40 дастаҳои шаҳри Душанбе дар майдончаҳои варзишии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ созмон дода мешавад.

Ғолибони мусобиқа бо "Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе", медалу дипломҳо ва туҳфаҳои моливу пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз мегарданд.

Мусобиқа 16-уми ноябри соли равон дар "Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷамъбаст карда мешавад.