«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
9 Ноябрь 2017

 ш.Душанбе, 09.11.2017,   Имрӯз бо мақсади ташвиқу тарғиб ва пурсамар татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва амалӣ намудани таҷрибаи муассири пешгирии исрофкорӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Рисолати танзим-ислоҳоти маънавӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ" конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид.

Дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олимону муҳаққиқон, сохторҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, масъулони тарабхонаҳо, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ бо сухани муқаддимавӣ ба ҳамоиши илмӣ-амалӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Иштирокчиёни  конференсия дар мавзӯъҳои «Андешаҳо оид ба тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Доир ба баъзе масъалаҳои ҳуқуқу уҳдадорӣ ва масъулияти тарафҳо дар қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим», «Оид ба табиати ҳуқуқии қонуни миллӣ», «Баъзе натиҷаҳои тағйиру иловаҳо ба қонуни танзим», «Нақши танзим дар таъмини амнияти иҷтимоии ҷомеа», «Зарурати иҷтимоии танзими маросими динӣ», «Муқаррароти ҳуқуқии қонуни танзим воситаи амалисозии фарҳангиву маънавии ҷомеа», «Танзими анъана ва ҷашну маросим-воситаи муҳими ислоҳоти ахлоқию маънавӣ», «Нақши танзим дар ташаккули тамаддуни моддӣ ва маънавӣ» ва ғайра бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карданд.

 Тавре  дар ҷараёни кори конфересия таъкид гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар баробари баланд бардоштани  сатҳи зиндагонии сокинони мамлакат, ба ҷодаи маънавият ва фарҳанги воло раҳнамун кардани мардуми кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Зеро дар меҳвари ин Қонун фарҳанг ва маърифати баланди худшиносиест, ки дар фаҳмишу дарки дурусти масоили иҷтимоӣ нақши бориз дорад. Арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавӣ низ яке аз ҳадафҳои ин Қонун буда, он дар усули баргузории маъракаҳо, муносибати мардум ба чорабиниҳои суннатӣ ва муосир инъикос меёбад. 

 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳайси аввалин қонуни миллӣ дар таърихи қонунэҷодкунии замони соҳибистиқлолии ҷумҳуриамон ба як падидаи арзишманди ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷати такдирсози ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии аҳли ҷомеа табдил ёфта, аҳамияти сиёсии он низ барҷаста ва намоён аст.

 Ҳақиқати яқин аст, ки андешаи таҳия ва қабули чунин қонуни роҳнамо маҳсули тафаккури хирадмандона ва оянданигаронаи  Президен­ти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пешвои миллат бо назардошти мушкилоти зоҳирпарастӣ ва зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросимҳо, ки бори зиндагии иҷтимоии мардумро сангин намуда буд, роҳи ислоҳи ин вазъ ва сабук сохтани рӯзгори мардумро дар танзими ин бахши ҳаёти ҷамъиятӣ тавассути истифодаи воситаи қонунии он пешбинӣ намуданд.

Амалӣ шудани қонун дар таҳаввулоти маънавӣ ва тағйирёбии равонии мардум муассир аст. Инсони муосир минбаъд обрӯву эътибори шоистаро дар ҷомеа аз баргузории тӯю маъракаи пурдабдаба ва дастурхони пурнозу неъмат нахоҳад ҷуст. Минбаъд ӯ андеша менамояд, ки сарфу хароҷоти беҳуда барои обруву номи дурӯғин арзиш нахоҳад дошт ва мақому манзалати инсонро илму ҳунар, истеъдод, маърифат ва аъмоли нек муқаррар мекунанд.

Дар зарфи 10 соли амали Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» танҳо дар шаҳри Душанбе 91803 маъракаҳои гуногун гузаронида шудаанд, ки 6221-тоӣ онҳоро тӯйҳои хайриявии арӯсиву домодӣ ва хатнасури кӯдакон ташкил медиҳанд.  Дар тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ бошад, дар пойтахт 6956  маърака, аз ҷумла 769  тӯйҳои хайриявии арӯсиву домодӣ ва хатнасури кӯдакон доир гардиданд.

Имрӯз тадриҷан ҷомеа дарк менамояд, ки тӯй ва маърака воситаи гирифтани обрӯву эътибори оилаву авлод набуда, балки оғози як марҳалаи муҳими зиндагист, ки дар дунболи он зиндагии тӯлонии ду нафар меистад. Хушбахтии онҳо муҳимтар ва муқаддамтар аз ҳар чизи дигар аст. Ва ин аст, ки яке аз муҳимтарин рисолати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» раҳнамун сохтани мардум ба ҷодаи маърифати ҳақиқати  зиндагӣ маҳсуб меёбад. 

 Дар хатми кори конференсия атрофи паҳлуҳои мухталифи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Оид ба тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мубоҳисаи судманд баргузор шуд, ки дар ҷараёни он иштирокчиёни ҳамоиш посухҳои қаноатманд гирифтанд. Бо ҳамин конференсия ба кори худ хотима бахшид.