Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
9 Ноябрь 2017

Дар бораи ба эҳтиёҷоти давлатию ҷамъиятӣ гирифтани қитъаҳои замини соҳибмулкон ва пардохти ҷуброни зарари амволи иншооти бартарафшаванда, воқеъ дар кӯчаҳои Н.Муҳаммад, Лоҳутӣ ва Х.Деҳлавӣ                                                                              

 

Бо мақсади барои эҳтиёҷоти давлатию ҷамъиятӣ гирифтани қитъаҳои замин ҷиҳати татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва ба талаботи меъморию шаҳрсозии муосир мувофиқ намудани кӯчаҳои Н.Муҳаммад, Лоҳутӣ ва Х.Деҳлавӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 14 ва 66 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 37, 38, 381, 39, 40 ва 41 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

                               ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1.   Ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замини заминистифода-барандагони ҳудуди собиқ Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе ва гирду атрофи он, воқеъ дар кӯчаҳои Н.Муҳаммад, Лоҳутӣ ва Х.Деҳлавӣ (тибқи нақшаи замимагардида) бинобар зарурати эҳтиёҷоти давлатию ҷамъиятӣ қатъ гардонида шуда, қитъаи замин дар масоҳати 4,3 гектар ба фонди заминҳои захиравии шаҳри Душанбе дохил карда шавад.

2. Фармоишгар -  Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур:

- сметаи хароҷотии бартарафсозии иншоотҳои дар банди 1 қарори мазкур зикргардидаро бо КВД Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» таҳия ва ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намуда, ҷиҳати бартарафсозии иншоотҳои дар ҳудуди  қитъаи замин 4,3 гектар мавҷудбуда чораҳои зарурӣ андешад;

- мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур  дар якҷоягӣ бо Раёсати назорати давлатии меъморӣ – сохтмонӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе соҳибмулкони иншоотҳои бартарафшавандаи дар банди 1 қарори мазкур дарҷгардидаро бо таври  хаттӣ огоҳ намуда, ҷиҳати боз доштани фаъолияти савдои мавзеи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд;

- мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дар якҷоягӣ бо Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Душанбе дар асоси ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда, руйхати соҳибмулкони иншоотҳои бартарафшавандаро тартиб дода, барои корбарӣ ба шуъбаи  ҳуқуқи  дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намояд;

- шуъбаи  ҳуқуқи  дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар асоси ҳисобномаи аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба нархгузорӣ»-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодгардида, лоиҳаи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанберо вобаста ба пардохти ҷуброни зарари соҳибмулкони иншоотҳои бартарафшаванда омода намуда, барои тасдиқ ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намояд.

3.  Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе, Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Душанбе, Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқули шаҳри Душанбе ба маълумотҳои бақайдгирӣ ва омори давлатӣ тағйироти дахлдор ворид намоянд.

4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

5. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад. 

                                                     

 

                                                                              Рустами   Эмомалӣ