Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 November 2017

 Дар бораи баргузор намудани Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе                                                                         

Ҷиҳати татбиқи банди 18 Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»

ҚАРОР         МЕКУНАМ:

1.  Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, таҳкими муттаҳидӣ, дӯстӣ ва ягонагӣ дар байни ҷавонон, инчунин табодули маълумот, таҷрибаомӯзӣ ва шиносоӣ аз ҷойҳои фарҳангию фароғатии пойтахт рӯзҳои 22 – 25 ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор карда шавад.

2.  Ҳайати Кумитаи тадорукот барои омодагӣ ва дар сатҳи баланд доир намудани Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе тибқи замимаи 1 тасдиқ карда шавад.

3.  Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе тибқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад.

4.  Кумитаи тадорукот, муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр якҷо бо сохторҳои дахлдор барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе тадбирҳои амалӣ андешанд.

5.  Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози баргузории Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе муқаррар карда шаванд.

6.  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти чорабиниро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

7.  Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад. 

 

Рустами Эмомалӣ