Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 January 2011

24 январи соли 2011 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи аҳли ҳузорро ба иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат, ки зимни хулосаҳо аз натиҷаи ҷамъбасти рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ дар соли 2010 унвонии шаҳрдорӣ ироа гардиаанд, нигаронида баҳри татбиқи ҳар кадоми онҳо бо мушаххас сохтани масъул ва мӯҳлати анҷоми корҳо тадбирҳои воқеӣ андешид.

Ҳамзамон дар доираи истиқболи сазовори  ҷашни 20-солагии истиқлолияти давлатӣ  ва татбиқи чорабиниҳои марбутаи шаҳрдорӣ  муқаррар карда шуд, ки шурӯъ аз моҳи апрели соли ҷорӣ дар рӯзҳои истироҳатӣ баргузории рӯзҳои навоҳии ҷумҳурӣ дар шахри Душанбе тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳр таври густарда амалӣ карда шавад.

Дар ҷаласа бо баррасии дигар масоили мубрами ҳаёти хоҷагидории шаҳр, қабл аз ҳама баланд бардоштани сифат ва фарҳанги хизматрасониҳои гуногуни коммуналӣ, тақвияти корҳои ободонӣ ва ҳифзу нигаҳдошти моликияти ҷамъиятию фонди манзили хусусигардонидашудаи давлатӣ аз ҷониби шаҳрвандон, ҷалби бештари институтҳои шаҳрвандӣ дар татбиқи барномаҳои шаҳрдорӣ баррасӣ гардида, оид ба ғановати бозори истеъмолӣ ва тавассути андешидани чораҳои алтернативӣ мусоидат намудан ба паст кардани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, ки талаботи сабади истеъмолии қишрҳои мухталифи ҷомаеи пойтахтро қонеъкунанда бошад, матраҳ гардиданд.

Инчунин Маҳмадсаид Убайдуллоев вазъи аз рӯи таъиноти дислакатсионӣ фаъолият намудани бозорҳои  дар марзи шаҳр новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ хизматрасонӣ доштаро мавриди таҳлилу пажӯҳиш қарор дода, муқаррар сохт, ки тибқи дислокатсия фурӯши фиттаҳои аудио-видеоӣ ва рақамӣ дар асоси мутобиқат ба талабот ва иҷозати сохторҳои дахлдори давлатӣ дар бозорҳо ва дигар нуқтаҳои савдо дар таносуби чор ноҳияҳои шаҳр танзим карда шаванд. Бо ин мақсад дастур ироа сохт, ки аз ҷониби масъулин мувофиқ ба талаботи қонунгузории кишвар дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин қарори марбутаи Раиси шаҳр омода ва ҷиҳати татбиқи ҳатмии он чораҳои қатъӣ роҳандозӣ гарданд.

Дар ҷалса бо дахли  масоили омодагиҳои шаҳрдорӣ ба таҷлили нахустин Наврӯзӣ байналмилалӣ дар пойтахт зери роҳбарии муовини якуми Раиси шаҳр Н. Хайруллоев ситоди шаҳрӣ таъсис ёфта, баҳри тақвияти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 20-солагии истиқлолияти давлатӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.