Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 December 2017

Дар бораи ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ бахшида ба таҷлили иди «Соли нав»-и 2018 дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни иди «Соли нав»-и 2018 ва таъмини сокинону меҳмонони шаҳр бо маҳсулоти хушсифати кишоварзию агросаноатӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»

 

ҚАРОР   МЕКУНАМ:

 

1. Аз 20 то 30-уми декабри соли 2017 дар ҷойҳои зермуайян-шуда ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ ташкил карда шаванд:

- таваққуфгоҳи назди Бозори «Меҳргон» аз ҷониби муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот»;

- кӯчаи Ҳусейнзода, 36 (назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз ҷониби муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Хатлон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот»;

- майдончаи назди бозори «Ховарон» аз ҷониби муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои Тоҷикобод, Рашт, Сангвор ва Нуробод, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот»;

- майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», аз ҷониби муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои Файзобод, Лахш ва шаҳри Ваҳдат, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот»;

- майдончаи назди бозори «Ёвар» аз ҷониби муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор ва Рӯдаки, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот»;

- қисмати ҷанубии Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Хатлон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот»;

2. Аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» хоҳиш карда шавад, ки иштироки фаъолонаи хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ва сохторҳои тобеи худро дар ярмаркаҳо таъмин намоянд.

3. Раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ – Самӣ Ш.Ҳ., Шоҳмансур – Ҳакимзода Н.Ҳ., Сино – Салимзода Н.Ф., Фирдавсӣ – Табарзода Ҷ.А. дар дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳрӣ бобати дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ гузаронидани чорабиниҳои мазкур, ҷойгир кардани хайма, раста ва чодарҳои сабуки савдо, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯй мебошанд, ҷалби ҳарчи бештари сокинону меҳмонони шаҳр ба он, инчунин ҳавасмандгардонии моддию маънавии хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар субъектҳои истеҳсолӣ, ки дар ярмарка фаъолона ширкат варзидаанд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.

4. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе, Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри Душанбе, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе тартиботи ҷамъиятӣ, қоидаҳои зиддисӯхтор, сифати маҳсулоти воридшуда, риояи талаботи санитарию гигиениро дар доираи салоҳияти худ таъмин намоянд.

5. Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» ороиши макони ярмаркаҳоро бо лавҳа, шиору навиштаҷоти идона таъмин намояд.

6. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси ҳамаҷонибаи иҷрои қарори мазкурро ба роҳ монанд.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

                                 Рустами  Эмомалӣ