Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 Декабрь 2017

 ш.Душанбе, 27.12.2017, Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе азнавсозии як силсила иншооти коммуникатсионӣ оғоз гардида, пули роҳи оҳани воқеъ дар буриши хиёбони Саъдии Шерозӣ баъди азнавсозӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.  

Нахуст Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар буриши хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба корҳои таъмиру азнавсозии пули роҳи оҳани (километри 4681 пикети 6 фосилароҳи Душанбе-1 - Душанбе-2), воқеъ дар буриши хиёбони Ҳофизи Шерозӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Тарҳи азнавсозии пули роҳи оҳан дар асоси дастуру супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмиру тармими пулҳои роҳи оҳан ва атрофи онҳо дар ҳудуди пойтахт татбиқ карда мешавад.  Лоиҳаи бозсозии пули мазкур аз ҷониби ҶДММ «Лоиҳа инвест» ва ҶДММ «Зебосоз» тарҳрезӣ гардида, корҳои сохтмонӣ ва васлу насбро дар ин иншоот КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бар ӯҳда гирифтааст.

Зимни муарифии лоиҳа ба Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ иттилоъ дода шуд, ки пули мазкур солҳои 20-уми асри гузашта (1929) бо дарозии беш аз 67 метр бунёд гардида, бори охир соли 1978 азнавсозӣ шудааст ва бо гузашти солҳои зиёд пул ва иншооти атрофи он таъмирталаб гардидаанд.

Тибқи лоиҳа азнавсозии пули роҳи оҳан, панҷараҳо ва қисмҳои дигари он бо тарҳу намуди нав ва бо истифода аз масолеҳи хушсифат таъмиру тармим гардида, тавассути воситаҳои равшанидиҳандаи гуногун оро дода мешавад. 

Дар ҳамин ҷо ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ лоиҳаи сохтмони 4 иншооти коммуникатсионии шаҳр муаррифӣ карда шуд. Лоиҳаҳои сохтмони роҳи автомобилгард аз дарвозаи ғарбии шаҳр то маҳаллаи Чортут бо дарозии 7,3 км ва паҳноии 53 то 60 метр бо инобати 8-хати ҳаракат, хати марказии ҷудошаванда ва чорсӯҳои дусатҳа, роҳи автомобилгарди кӯчаи Ҳабибулло Назаров аз кӯчаи Ҳуснобод то хиёбони Ҳофизи Шерозӣ бо дарозии 1 (як) километр ва паҳноии 25 метр, роҳи автомобилгард аз кӯчаи Соҳилӣ бо баромад ба кӯчаи Низомии Ганҷавӣ бо дарозии 0,94 километр ва паҳноии аз 27 то 43 метр ва роҳи автомобилгард аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то хиёбони Саъдии Шерозӣ ва кӯчаи Қаҳҳоров бо дарозии 0,8 километр ва паҳноии 65 метр баҳри пайваст намудани чаҳор қисмати шаҳр тавассути роҳҳои мустақими транзитӣ, ки дар аз байн бурдани танбашавии воситаҳои нақлиёт ва коҳиш додани ҳаракат дар кӯчаҳои марказии шаҳр нақши муҳим хоҳанд дошт, тарҳрезӣ гардидаанд.

Зимни шиносоӣ бо ҷузъиёти лоиҳаҳои мазкур, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба масъулини сохторҳои марбута дастур доданд, ки дар вақти татбиқи лоиҳаҳо тамоми талаботи технологӣ ва қоидаҳои роҳсозии муосири ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ ба инобат гирифта шаванд ва зимни  азнавсозии ин ва дигар иншооти коммуникатсионии пойтахт ба тарҳу намуд, сифати иҷрои корҳо ва паҳноии роҳ диққати махсус диҳанд. 

Худи ҳамин рӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба таври расмӣ пули роҳи оҳан, воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозиро, ки чаҳор ноҳияи пойтахтро ба ҳам мепайвандад, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти мазкур соли 1929 бунёд шуда, бори охирон соли 1978 таъмир гардидааст. Вале бо гузашти солҳои тӯлонӣ пул ва иншооти дигари ёрирасон фарсуда шуда, ба таъмир ниёз пайдо карданд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз оғози соли равон корҳои азнавсозии пули мазкур оғоз гардида, бо сифати баланд ба анҷом расонида шуданд.

Лоиҳаи азнавсозии Пули роҳи оҳан аз ҷониби ҶДММ «Лоиҳаинвест» ва ҶДММ «Зебосоз» тарҳрезӣ гардида, корҳои сохтмонӣ ва васлу насби иншоот аз ҷониби КВД «Роҳи Оҳани Тоҷикистон» бо маблағи 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ амалӣ карда шудааст.

Дар доираи азнавсозии пули мазкур дар баробари таъмиру тармими хати роҳи оҳан, болои пул бо панҷараҳои мунақкаши оҳанӣ зинат дода шуда, аломатҳои ороишии онро воситаҳои сершумори равшанидиҳанда, ки ранги онҳо ба таври худкор иваз мегардад, зинати иловагӣ мебахшанд.

Ҳамчунин атрофи пул пурра азнавсозӣ гардидааст. Аз ҷумла, дар  чаҳор ҷониби он зинаву роҳравҳо бозсозӣ шуда, майдони 500 метри мураббаъ бо сафолакҳои бетонӣ рупӯш гардидааст. Қисмати поёни он бошад, бо масолеҳи ороишӣ рупӯш, асосҳо ва сутуни такягоҳи пул низ бо санги хоро зиннат дода шудаанд, ки масоҳати умумии он 450 метри мураббаъро дар бар мегирад. Корҳои ороишӣ дар қисмати поёни пул низ бо истифода аз масолеҳи хушсифати ороишии муосир бо сифати баланд анҷом дода шудааст.

Дар ҷараёни боздид аз иншооти мазкур, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба корҳои иҷрогардида баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки ин ва дигар иншооти шаҳри Душанбе бояд мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрсозии муосир ва бо инобати фароҳам овардани шароити шоистаи зисту зиндагонии сокинони шаҳр амалӣ карда шаванд.

Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати тавсеаи корҳои созандагӣ дар чаҳор қисмати пул тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд ва бо дарназардошти корҳои ободонӣ ва ҳифзи муҳити зист маъракаи ниҳолшинонӣ, гулзоркунӣ ва кабудизоркуниро вусъат бахшида, ҷиҳати тозаю зебо нигоҳ доштани гулгаштҳо ва кӯчаю маҳаллаҳои шаҳри Душанбе чораҳои саривақтӣ андешанд ва камбудиву норасоиҳо мавҷударо сари вақт бартараф намоянд.       

Иншооте, ки имрӯз мавриди истифода қарор гирифт, аз зумраи садҳо иншооти дигаре мебошанд, ки ибтидо аз оғози соли равон дар асоси ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бунёду азнавсозӣ гардидаанд. Бо вусъат ёфтани корҳои ободонию созандагӣ пойтахти мамлакат симои худро комилан тағйир дода, дар баробари зебову назаррабо гардидани кӯчаву маҳалла ва хиёбону гулгаштҳои сершумор, барои сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе шароити боз ҳам беҳтару хубтари зисту зиндагӣ ва истироҳату фароғат фароҳам оварда шудааст