Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 Декабрь 2017

 Дар бораи ба тавозуни Муассисаи давлатии «Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» гузаронидани бино, иншоот ва амволи собиқ Маркази такмили ихтисоси Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ва ворид намудани тағйирот ба қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 майи соли 2008 "Оид ба таъсиси Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Раёсати маорифи шаҳри Душанбе"

Бо мақсади самаранок истифода бурдани бинову иншооти моликияти коммуналии шаҳри Душанбе, ҷиҳати иҷрои банди 5 Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 24 июли соли 2017, №149 «Дар бораи ҷараёни татбиқи барномаҳо, нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи маориф ва навгониҳо дар ин самт», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 18 феврали соли 2008, №79  «Дар бораи ба танзимдарории фаъолияти ҳуқуқии корхона ва муассисаҳои моликияти коммуналии шаҳри Душанбе»

 

                                           ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1. Бино, иншоот ва амволи собиқ Маркази такмили ихтисоси Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи М.Турсунзода 8/1а мутобиқи тартиби муқарраргардида ба тавозуни Муассисаи давлатии «Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» гузаронида шавад.

2. Ба замимаи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 майи соли 2008 "Оид ба таъсиси Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Раёсати маорифи шаҳри Душанбе" тағйирот ворид карда шуда, воҳидҳои кории Муассисаи давлатии «Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе барои нигоҳдорӣ ва таъминоти бинову иншооти Муассисаи давлатии «Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» ҳамасола дар таҳияи буҷет маблағҳои зарурӣ пешбинӣ намояд.

4. Комиссияи қабул ва супоридани бино, иншоот ва амволи собиқ Маркази такмили ихтисоси Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ба Муассисаи давлатии «Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» дар ҳайати замимагардидаи №2 таъсис дода шуда, дар асоси санади дахлдор қабул ва супоридани иншооти зикргардидаро таъмин намоянд.

5. Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Корхонаи фаръии байниноҳиявии бақайдгирии техникӣ ба маълумотҳои ҳисоботӣ тағйиротҳои дахлдорро ворид намоянд.

6. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.                                                                          

                                                                               Рустами Эмомалӣ