Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 Январь 2018

 Дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату фароғати шаҳрвандон, меҳмонон ва сокинони пойтахт  мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти ҳокимияти давлатӣ», моддаи 132  Кодекси граждании  Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                          

 

                         ҚАРОР  МЕКУНАМ:

 

1. Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъсис дода, Оиннома, басти воҳидҳои корӣ, фонди музди меҳнати роҳбарият ва кормандон, низомнома дар бораи ҳавасмандгардонии ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони он тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.

     2. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр маблағгузорӣ намудани фаъолияти муассисаи мазкурро дар соли 2018 таъмин намуда, ҳангоми таҳияи буҷети солҳои минбаъда маблағҳои заруриро барои нигоҳдошти муассиса пешбинӣ намояд.

3. Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Душанбе ба маълумотҳои бақайдгирӣ ва омори давлатӣ тағйироти дахлдор ворид намоянд.

4. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷӣ инъикоси қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд. 

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

                                                       

Рустами   Эмомалӣ