Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 January 2018

Дар бораи ташкил ва гузаронидани озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе»

 Бо мақсади рушду равнақи соҳибкорӣ, ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии давлатии соҳибкорони масъулиятшинос, фароҳам овардани шароит бобати ба вуҷуд овардани ангезаву ҳавасмандии соҳибкорон ба беҳтаргардонии сифати хизматрасонӣ дар корхонаҳои хӯроки умум, ба вуҷуд овардани рақобатнокии бештар дар ин намуди бозори хизматрасонӣ, муаррифии фарҳангу арзишҳои миллии меҳмоннавозӣ ва инкишофи ҳунари пухтупази навъҳои гуногуни хӯрокҳои милливу ғайримиллӣ мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 5 ва 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»

 

                                         ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

 1. Низомнома ва ҳайати Комиссияи озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» тибқи замимаҳаи №1 ва №2 тасдиқ карда шавад.

 2. Раисони ноҳияҳои И. Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе тибқи Низомномаи озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» комиссияи озмунии ноҳиявиро таъсис дода, эълони онро тавассути воситаҳои ахбори оммаи чопию электронӣ таъмин намуда,  то санаи 15 феврали соли 2018 даври якуми озмунро бо инобати қадрдонӣ бо туҳфаҳои арзишманд ҷамъбаст намуда, рӯйхати ғолибонро барои оғози даври дуюм ба комиссияи шаҳрӣ пешниҳод намоянд.

 3. Раёсати рушди иқтисод ва савдо, Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои дар сатҳи баланд доир гаштани чорабинӣ шароит ва имкониятҳои муносибро ба Комиссияи озмуни шаҳрӣ фароҳам оваранд.

  4. Комиссияи озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» даври шаҳрии озмунро дар сатҳи зарурӣ баргузор намуда, то санаи 15 феврали соли 2018 барои мукофотонидани ғолибон ба Раиси шаҳри Душанбе таклиф пешниҳод намояд.

 5. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе якҷоя бо сохторҳои дахлдор барои бо мукофотҳои арзишманд қадрдонӣ намудани ғолибон тадбирҳои амалӣ андешанд.

  6. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намуда, интишори онро дар васоити чопию электронӣ ба роҳ монад.

  7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи  муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

 

                                                                     Рустами   Эмомалӣ