Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 January 2018
11 январи соли 2018 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир гардид, ки он фаъолияти комиссияро дар давраи солҳои 2016-2017 ҷамъбаст ва вазифаҳоро барои соли 2018 муайян кард.        

Дар кори ҷаласа ҳайати роҳбарӣ ва аъзои комиссия, муовинони раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе  ва мудирони бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт иштирок намуданд.

Кори ҷаласа таҳти раёсати раиси Комиссияи доимӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода ҷараён гирифт.

Дар ҷаласа ҳисоботи мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир ба фаъолияти  Комиссияи доимӣ дар соли 2017 шунида шуд.

Тавре зикр гардид, аъзои комиссия вобаста ба иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2017, №16/10-102 ҷиҳати зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва фаҳмонидани муҳтавои асосии қонуни мазкур рӯзҳои 2 - 6 майи соли 2017 якҷоя бо намояндагони вазорату идораҳои марбута дар шаҳраку  маҳаллаҳои пойтахт як қатор мулоқоту вохӯриҳо доир намуд, ки дар онҳо беш аз 6000 нафар намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа иштирок намуданд.

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати арзёбии дастовардҳои 10 солаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, кормандони вазорату идораҳо, Академияи илмҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, коршиносону пажӯҳишгарони соҳа, раисони шаҳраку маҳаллаҳо, масъулини марказҳои фароғатӣ ва кормандони васоити ахбори омма 14 июни соли 2017 дар мавзӯи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»: дастовард ва дурнамои он дар шаҳри Душанбе» конференсияи илмӣ-назариявӣ ва 9 ноябри соли 2017 дар мавзӯи «Рисолати танзим-ислоҳоти маънавӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ» дар шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ тавассути комиссияҳои доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои пойтахт бобати камхарҷ доир намудани маъракаю маросим, пешгирии қонуншиканиҳо ва таблиғи корҳои хайриявӣ, дар маҷмӯъ 535 суҳбату вохӯриҳо ва мулоқоти ҳайати васеи иштироккунандагон (н.И.Сомонӣ-104, н.Шоҳмансур-113, н.Сино-106, н.Фирдавсӣ -94, шуъбаи шаҳрӣ -118)  ташкил карда шуд.  Кормандони шуъба ва бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ дар рӯзномаҳои даврӣ 21 мақола ба табъ расонида, тариқи шабакаҳои телевизиониву радиоӣ 92 барнома, намоиш ва гузориш  (н.И.Сомонӣ-8, н.Шоҳмансур-21, н.Сино-9,  н.Фирдавсӣ -7, шуъбаи  шаҳрӣ -47) таҳия ва пешниҳод намуданд.

Дар давраи сипаришуда, дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар муассисаҳои фароғативу дилхушии пойтахт ҷиҳати санҷиши риояи талаботи қонуни миллӣ 1923 рейдҳои муштарак (н.Исмоили Сомонӣ -396, н.Шоҳмансур - 284, н.Фирдавсӣ - 406, н. Сино - 359, шуъбаи шаҳрӣ - 478) гузаронида шуд, ки дар натиҷа 129 ҳолати қонунвайронкунӣ (н.Исмоили Сомонӣ - 22, н.Шоҳмансур - 19, н.Фирдавсӣ - 39, н.Сино - 38 ва шуъба - 11) ошкор шуда, 280200 сомонӣ маблағи ҷаримавӣ ба буҷаи давлатӣ ворид гардид.

Дар ин давра дар қаламрави пойтахт маҷмӯан 10136 ҷашну маросим (Сино -3336, Фирдавсӣ -3011, Шоҳмансур -1952, И.Сомонӣ -1837)  ва забҳи чорво (чорвои калон-2931, чорвои хурд-525) бо хароҷоти умумии  35389 400 сомонӣ ба қайд гирифта шуд.

Иштирокчиёни ҷаласа нақшаи кори Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2018-ро баррасӣ ва тасдиқ карданд.

Раиси Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар назди аъзои Комиссия ва иштирокчиёни он вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба татбиқи қонуни миллӣ, амалисозии нақшаҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии шаҳри Душанбе, ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинони пойтахт вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” вазифаҳои мушаххас гузоштанд.