Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
29 January 2018

Дар бораи таҷлили «Иди Сада» дар шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади амалӣ намудани пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати иҷрои банди 76 Нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2018 ва барқияи ҳукуматӣ аз 8 январи соли 2018, №16/10-2, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

 

1. 30 январи соли 2018 дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Дӯстии халқҳо»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷашни Сада таҷлил карда шавад.

2. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати ба фурӯш баровардани ниҳолҳои мевадиҳандаю ҳамешасабз ва  гулбуттаҳо зимни баргузории чорабинӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

3. Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ шиору навиштаҷоти идонаро бо риояи суннатҳои сада, шеърҳо дар васфи ҷашни Садаро аз осори шоирони классику муосир дар шакли овеза ва баннер омода ва насб намоянд.

4. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тандурустӣ, хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ» ва бехатарии зиддисӯхтор дар рӯзи баргузории чорабинӣ чораҳои дахлдор андешанд.

5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизони Душанбе», рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти чорабиниро тавассути васоити ахбори омма ба роҳ монанд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                       

          

                                                                                    Рустами   Эмомалӣ