Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 January 2011

Ба директори Шабакаи якуми

телевизиони Тоҷикистон

Муҳаммад Ғоиб

 

Нусха: Ба Раиси Кумитаи

телевизион ва радиои назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раҳмонов А.Қ.

 

Мӯҳтарам Муҳаммад Ғоиб,

            Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он бо нигаронии қатъӣ ба иттилоъ мерасонад, ки 14 январи соли 2011 тавассути барномаи «Ахбор»-и Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон соатҳои 20-30 ва 22-00 дақиқа оид ба ҳолати роҳҳои шаҳр ва поксозии он аз барф гузориши махсус пахш карда шуд, ки дар он аз ҷониби мухбир Ш. Мустафоқулов таъкид гашт, ки «имрӯз, субҳи барвақт баъди аз назар гузаронидани кӯчаю хиёбонҳои пойтахт ба хулоса омадан мумкин буд, ки дар баъзе минтақаҳои роҳҳо барои сар назадани  ҳаргуна ҳодисаҳо қуму намак  истифода бурда шуда буд. Вале барои тоза намудани барф ва бартараф намудани дигар камбудиҳо  аз ҷониби масъулон фориғболӣ ба назар мерасиданд. Дар роҳҳои пойтахт ягон техникаи барфтозакунӣ истифода намегардид.»

            Соати 22-00 бошад, чун тарошаи аз бом афтидаву ғайрикасбӣ ва нотавонбинона, алайҳи ҳамаи меъёрҳои ахлоқи инсонию журналистӣ «ифтихормандона» бедарки ягон масъулият дар иҷрои вазифаҳои таъинотии касбӣ ва ба фаромӯшӣ бурдани истифодаи дастгоҳи давлатӣ ба манфиати ғаразҳои шахсӣ, ки инро метавон сӯистифода аз мансаб дар роҳандозии ғаразҳои шахсӣ арзёбӣ кард ва ин дар назди қонун ҷавобагарӣ мехоҳад, чунин таъкид гашт: «боришоти барфи аввал дар баъзе роҳҳои ҷумҳурӣ барои ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт душвориҳоро ба миён овард. Кормандони баъзе муассисаҳои истифодабарии роҳҳои пойтахт субҳгоҳон барои ҳаракати мунтазами нақлиёт имкониятҳои заруриро фароҳам оварда натавонистанд.»

             Бо исрор маълум медорем, ки гузоришҳои пахшгардида воқеияти омодагиҳои раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳрро комилан таҳриф намуда, ба кулли кормандони раёсатҳои мазкур ба ҳангоми дар хоби ноз будани гузоришгарони мӯҳтарам фаъолиятро оғоз менамоянд зарари маънавӣ расонд. Ба он маънӣ, ки барфи нахустин ва мавриди воҳимаи гузоришгарон қарор гирифта, ба ҳеҷ ваҷҳ масъулини соҳаи ноҳияҳои шаҳрро ба таҳлука наандохта, фаъолияти ҳар кадом тибқи реҷа ва зери назорати Ситоди доимоамалкунандаи шаҳрӣ оид ба зимистонгузаронӣ роҳандозӣ гардид.

            Гузоришгаронро, ки бештар дидани техникаҳои коммуналии барфтозакунӣ дар пойтахт мутаваҷҷеҳ кардааст, мебоист аз соати 19-и 13 январ то соати 5-и субҳи 14 январи соли 2011 аз кӯчаву хиёбонҳои шаҳр  дидан мекарданд, ки чигуна маводи зиддилағжиш тавассути техникаҳои махсусгурдонидашуда дар роҳҳо пошида мешуданд. Маҳз ҳамин тадбирҳо буданд, ки барфи нахустин дар роҳҳои автомобилгарди шаҳр, ки масофаи беш аз 700 км-ро ташкил медиҳанд бо тамоми масоҳати паҳноӣ  об шуда буданд ва инро танҳо чашми воқеъбин ва қалби орӣ аз ғараз метавонист мушоҳида кард.

            Дар ин равобит барои гузоришгарони мӯҳтарам ва Шумо хотиррасон карданием, ки феълан 158 техникаҳои коммуналӣ ба мавсим омода карда шудааст, ки аз ин миқдор барои рафъи оқибатҳои барфи нахустин 93 техника сафарбар шуд.

            Аслан, шаҳрдорӣ барои инъикоси шаффофи ҳаёти пойтахт дар дилхоҳ расонаҳои хабарӣ омода ва манфиатдор буда, пайваста талаб менамояд, ки мутобиқ ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар оид ба воситаҳои ахбори омма маводи таҳияшаванда босаводона, воқеъбинона ва бо инобати андешаи ҷониби масъул матраҳ гардад.          Дигар ин, ки мутаассифона дар таҷрибаи Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, ки тавассути моҳвора дар саросари олам пахш мегардад ва аз мӯҳтавои барномаҳои он ҷаҳониён нисбати Тоҷикистон  маълумот мегиранд, барномаҳои мӯҳтавояшон воқеиятро таҳрифкунанда аз ҳаёти пойтахт бори аввал нест, ки ғайри талаботҳои касбӣ омодаву пешкаши тамошобинон мегарданд.

            Дар ин равобит хоҳишмандем зимни таҳияи маводҳо аз ҳаёти хоҷагидории пойтахт бе таҳрифи воқеият муносибат карда шавад.

            Зимнан, қатъиян талаб мекунем, ки бобати нодурустии таъкиди субъектҳои хизматрасони пойтахт, ки  дар гузориши манзури пажӯҳиш аз ҷониби журналист ғалат истифода гардиданд, раддия биёоред.

            Дар сурати акс Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он зарур мешуморад, ки тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷории кишвар нисбати чунин амалкардҳо тадбирҳо андешад.

 

            Бо эҳтиром,                                                                              А. Оев

 

            Раиси ноҳияи  И.Сомонӣ                                                    А. Қурбонов

            Раиси ноҳияи Шоҳмансур                                                  Ф. Буриев

            Раиси ноҳияи Сино                                                               З. Сафаров

            Раиси ноҳияи Фирдавсӣ                                                      С. Алиев