Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
26 February 2018

Дар бораи баргузор намудани Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Тарбияи насли солиму ояндасоз – рисолати волидайн”

Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, инчунин дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ ба камол расонидани насли наврас, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, мутобиқи моддаҳои 19, 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” 

                                                                                  

ҚАРОР   МЕКУНАМ :              

1. Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Тарбияи насли солиму ояндасоз – рисолати волидайн” 13 марти соли 2018, соати 0900 дар Муассисаи давлатии “Душанбе-Плаза” баргузор карда шавад.

2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани конференсияи мазкур тадбирҳо андешанд.

3. Муассисаи давлатии “Душанбе – Плаза” ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани чорабинии мазкур ҳамаҷониба мусоидат намояд.

4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ маблағи 9040 (нуҳ ҳазору чил) сомонӣ тибқи харҷномаи замимагардида ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.

5. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пардохти саривақтии маблағи ҷудошударо тибқи тартиби муқаррагардида таъмин намояд.

6. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии Телевизиони Душанбе”, рӯзномаиПаёми Душанбе муҳтавои қарори мазкур ва рафти баргузории чорабиниро тариқи воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос намоянд.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                       

                                                                           Рустами Эмомалӣ