Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 March 2018

Дар бораи ҷудо намудани маблағ

Бо мақсади ҳавасманд намудани занону бонувони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, хоҷагиҳои манзилию коммуналии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, фаррошони дастгоҳи Раиси шаҳр ва сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки дар тозагию ободонии пойтахт ва биноҳои маъмурӣ саҳми арзанда доранд, дар доираи анъаноти шаҳрдорӣ бахшида ба «Рӯзи Модар» ва ҷашни байналмилалии «Наврӯз», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

                                      ҚАРОР   МЕКУНАМ:

 1. Сарраёсати  молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе 2 920 000 (ду миллиону нуҳсаду бист ҳазор) сомонӣ барои ҳавасманд намудани занону бонувони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, хоҷагиҳои манзилию коммуналии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, фаррошони дастгоҳи Раиси шаҳр ва фаррошони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мутобиқи замима ҷудо намояд.

2. Муовинони Раиси шаҳри Душанбе Ҷумазода Ф. Т., Раҳимзода Т. К., Саидзода Қ. Т., Назирмадзода Б. ва раисони ноҳияҳои Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе то 6 марти соли 2018 ҷиҳати дар фазои тантанавӣ дастрас гардонидани маблағҳои ҷудогардидаро ба шахсони тибқи рӯйхати замимагардида чораҳои зарурӣ андешанд.

3. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  истифодаи мақсаднок ва пардохти саривақтии маблағҳои ҷудошударо бо тартиби муақарраргардида таъмин созад.

4. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

      

 Рустами Эмомалӣ