Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 March 2018

Дар бораи бо стипендияи Раиси шаҳри Душанбе сарфароз гардонидани Исмонзода Ёсуман ва Манижа Тошболтаева

 

Бо мақсади ҳавасманд ва қадрдонӣ намудани соҳибистеъдодони навраси шаҳри Душанбе - Исмонзода Ёсуман ва Манижа Тошболтаева, ки соли 2017 дар озмуни байналмилалии “Кӯдакони нобиға - 2017” иштирок намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуданд, мутобиқи моддаи 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”         

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1. Исмонзода Ёсуман ва Манижа Тошболтаева бо стипендияи Раиси шаҳри Душанбе бо маблағи 250 (дусаду панҷоҳ) сомонӣ дар як моҳ барои нӯҳ моҳи соли хониши 2017-2018 таъмин карда шаванд.

2. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе 4500 (чор ҳазору панҷсад) сомонӣ ҷиҳати пардохти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе ба Ё.Ҳ. Исмонзода ва М.Г. Тошболтаева ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.

3. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пардохти саривақтии маблағи ҷудошударо тибқи тартиби муқаррагардида таъмин намояд.

4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

  

                                                                                       Рустами Эмомалӣ