Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 March 2018

Дар бораи муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии  шоҳқубури қутраш 1200 мм, воқеъ дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ 

Бо мақсади пайваст намудани қубури хобонидашудаи қутраш 426 мм ба шоҳқубури амалкунандаи қутраш 1200 мм дар иншооти «Маркази барқу  гармидиҳии 2» бо инобати муроҷиати ҶСК «МБГ-и шаҳри Душанбе» №109 аз 25 январи соли 2018, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»    

                                           ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1. Нақшаи чорабиниҳои замимагардидаи Маркази барқу гармидиҳии шаҳри  Душанбе ва Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» барои муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии шоҳқубури қутраш 1200 мм, воқеъ дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ тасдиқ карда шавад.

2. Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Мухторов, Нодира ва ҳудуди ноҳияи Сино, маҳаллаи Комсомол аз соати 2200 рӯзи 13 марти соли 2018 то соати 2400 рӯзи 14 марти соли 2018 қатъ мегардад.

3. Раисони ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар давраи иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

4. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор дихад.

5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе  Зувайдзода М.М. гузошта шавад. 

  

             Рустами   Эмомалӣ