Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 Март 2018

Дар бораи баргузор намудани мусобиқаҳои кушоди варзишии гӯштини миллӣ, пойгаи аспдавонӣ ва теннис дар байни наврасону духтарон барои дарёфти ҷоми «Пойтахт - 2018» бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу фарҳангӣ таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз - 2018, ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»

                                      Қ А Р О Р     М Е К У Н А М:

1. Мусобиқаҳои кушоди гӯштини миллӣ рӯзи 26 март, соати 1400 ва пойгаи аспдавонӣ рӯзи 31 марти соли 2018, соати 1400 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» ва теннис дар байни наврасону духтарон дар «Қасри теннис»-и шаҳри Душанбе, Корти тенниси тобистонаи кушодаи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва «Тоҷварз»шаҳри Душанбе барои дарёфти ҷоми «Пойтахт - 2018» аз 21 то 24 марти соли 2018 баргузор карда шаванд.

2. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҳайати кумитаи тадорукот, тартиби баргузорӣ ва харҷномаи мусобиқаҳо тибқи замимаҳои №1, 2, 3, 4, 5, 6, 7 ва 8 тасдиқ  карда шаванд.

3. Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М., муовинони Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., Назирмадзода Б., Саидзода Қ .Т., Ҷумазода Ф.Т., раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе Табарзода Ҷ.А., Ҳакимзода Н.Ҳ., Самӣ Ш.Ҳ., Салимзода Н.Ф. ва роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои зикршуда чораҳои зарурӣ андешанд.

4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳое, ки ҳамчун ташаббуси шаҳрвандӣ, тариқи эҳсонкорӣ ба суратҳисоби махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ворид гардидаанд, тибқи харҷномаҳои замимагардида барои гузаронидани мусобиқаҳои гӯштини миллӣ, пойгаи аспдавонӣ ва теннис дар байни наврасону духтарон барои дарёфти ҷоми «Пойтахт - 2018» бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе маблағи 178 825 (як саду ҳафтоду ҳашт ҳазору ҳаштсаду бисту панҷ) сомонӣ ҷудо намояд.

5. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо кумитаи тадорукот, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, федератсияҳои гӯштини миллӣ, бузкашӣ ва пойгаи Тоҷикистон барои даъват ва ҷалби беҳтарин варзишгарон, паҳлавонону аспсаворон ва корхонаҳои асппарварии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин дастаҳои наврасону духтарони ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

6. Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои таъмини асбобҳои пахши садо ва ташкили барномаи фарҳангӣ бо ҷалби ҳунармандони беҳтарин дар ҷойҳои баргузории мусобиқаҳои зикргардида тадбирҳои мушаххас андешад.

7. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе, ҷиҳати таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ, риояи Маромномаи сокини пойтахт ва дар сатҳи баланди касбӣ доир намудани мусобиқаҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

8. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории мусобиқаҳои мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

9. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М. гузошта шавад.

 

Рустами Эмомалӣ