Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
13 Март 2018

 ш.Душанбе, 13.03.2018, Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии “Душанбе-Плаза” дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Тарбияи насли солиму ояндасоз-рисолати волидайн» баргузор гардид.

Дар кори Конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, собиқадорони меҳнат, масъулини сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ, раисони шаҳраку маҳаллаҳо ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.

Кори Конференсияро муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки “Таҳкими заминаи маънавии оила ба тарбияи ахлоқии фарзанд, маърифатнок намудани ӯ, дар рӯҳияи муҳаббат ба халқу Ватан, бунёдкорию созандагӣ тарбия кардани насли ояндасози ҷомеа тавъам аст".

Дар ҷараёни кори Коференсия иштирокчиёни он дар мавзӯҳои мухталиф, аз ҷумла, “Рисолати волидайн дар таъмини ниёзҳои моддӣ ва маънавии фарзандон”, “Ҳамкории омӯзгор бо волидайн дар рафти таълиму тарбия”, “Асосҳои ҳуқуқии уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва нақши қонунгузории миллӣ дар пойдории оила”, “Саҳми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташаккули насли солиму ояндасоз” ва ба ин монанд маърӯзаҳо ироа намуданд.

Аз ҷониби маърӯзачиён зикр гардид, ки тарбия ва ба камол расондани насли ояндасоз дар ҳама давру замон аз ташкили дурусти оила ва ташаккули маърифати оиладорӣ сарчашма гирифтааст. Зеро оила воҳиди асосии иҷтимоӣ буда, ташкили оила, тарбияи фарзандон аз бузургтарин масъулият дар ҷомеа маҳсуб меёбад. Агар оила мустаҳкаму пойдор ва аз ҷиҳати маънавию ахлоқӣ солим бошад, ҷамъият ҳам устувор мегардад.

Воқеан ҳам, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми харсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи бисёр муҳим - зарурати беҳтар намудани корҳои тарбиявӣ дар байни кӯдакон ва наврасон дар оила ва дар руҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расондани насли наврас изҳори андеша менамоянд.

Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳадаф аз баргузор намудани Конференсияи илмӣ-назариявиро боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, инчунин дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ ба камол расонидани насли наврас ва татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" маънидод намуданд.

Дар фарҷоми Конференсия миёни маърӯзачиён ва иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.