Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
8 February 2011

7 феврали соли 2011 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати намояндагони Бонки Умумиҷаҳониро таҳти сарварии намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хонум Кяра Бронкӣ ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба самтҳои фарогири Консепсияи нави рушди минбаъдаи системаи обтаъминкунии шаҳри Душанберо ҳамчун идомаи марҳилаи дуюми Лоиҳаи мавҷуда табодули назар намуданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо дарназардошти пешниҳодоти ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ, ки дар асоси истодагариҳои шаҳрдорӣ дар мулоқотҳои қаблӣ самар додаанд ва дар навбати дуюми татбиқи Лоиҳа,  тўли панҷ сол азхудкунии 12 млн $ гранти бебозгашти Бонки Умумиҷаҳонӣ ва 3 млн $ маблаѓгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанберо дар бар гирифта,  хизматрасонии қарзии вазорати молияро дар ин самт  ихтисор менамояд, Консепсияи мазкурро қобили дастгирӣ арзёбӣ намуд.

Дар ин равобит изҳор дошт, ҳамкориҳои минбаъда, ки баҳри ташкили фаъолияти самараноки КВД «Обу корези Душанбе» бо насби ҳисобкунакҳои обӣ барои кам кардани талафот ва сарфаи оби истеҳсолшуда ба кулли муштариён ба беҳбудбахшии вазъи молиявӣ ва таъмини худмаблаѓгузорию рушди институтсионалӣ ва худидоракунии корхона нигаронида шудааст, натиҷаҳои нек хоҳад дод ва шаҳрдорӣ омодааст мувофиқ ба муқаррароти мавҷуда ўҳдадориҳояшро оид ба ҳамшарикӣ дар маблаѓгузории Лоиҳа иҷро намояд. Дар ин зимн, афзуд, ки шаҳрдорӣ аз кўмаки Бонки Умумиҷаҳонӣ дар интихоби мененҷмент оид ба татбиқу идоракунии мақсадноки Лоиҳаи мутазаккира истиқбол хоҳад намуд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба хулоса расиданд, ки гурўҳҳои кории тарафҳо дар мўҳлатҳои кўтоҳтарин санадҳои дахлдорро ҷиҳати баимзорасонӣ таҳияву пешниҳод намоянд.