Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 March 2018

ш.Душанбе, 26.03.2018. Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили сазовори Иди байналмилалии Наврӯз 26 марти соли 2018 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» мусобиқаи кушоди гӯштини миллӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт-2018» баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур варзишгарон дар ҳайати 10 даста, аз ҷумла «Душанбе-1», «Душанбе-2», «Хатлон-1», «Хатлон-2», «Суғд-1», «Суғд-2», инчунин дастаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва ноҳияи Рашт   дар шаш вазн - 60, 70, 80, 90, 100  ва беш аз 100 кило байни ҳам қувва озмуданд.

Паҳлавонон Сорбон Латифов  дар   вазни  60,  Орифҷон Додов дар вазни 70, Акмал Муродов  дар вазни 80 ва Ҳоҷимашраб  Раҳмонов дар вазни 90  кило  бар рақибонашон ғолиб  омада,   сазовори медали тилло ва  «Ҷоми пойтахт -2018» шуданд.

Шоҳҷоизаи мусобиқаро паҳлавон Саидҷалол Саидов ба даст овард. Мавсуф дар вазни беш аз 100 кило бар ҳамаи ҳарифонаш ғолиб омада, соҳиби автомобили тамғаи «Mercedes Benz»   ва «Ҷоми пойтахт-2018» гардид.