Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 April 2018

Дар бораи баргузор намудани Ниммарафони IX байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт

      Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи пойтахт, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғибу ташвиқи ҳаёти солим ва устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо шаҳри Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоидошта, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», моддаи 44 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ»                                                                                                                             ҚАРОР   МЕКУНАМ                   

1. Низомнома, ҳайати Кумитаи тадорукот, нақшаи чорабиниҳо ва сметаи хароҷоти Ниммарафони IX байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт тибқи замимаҳои 1, 2, 3 ва 4 тасдиқ карда шаванд.

2.  Кумитаи тадорукот 21 апрели соли 2018, соати 900 мусобиқаи Ниммарафони IX байналмилалии Душанберо мутобиқи хати дави муайянгардида доир намояд.

3.  Кумитаи тадорукот дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раиси ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе ва роҳбарони сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ доир намудани чорабинии зикршуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.

4.  Бо дарназардошти мақоми байналмилалӣ гирифтан ва дар рӯйхати мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаҳои дур ворид гардидани Ниммарафони байналмилалии Душанбе аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шавад, ки ҷиҳати дастрас намудани раводид барои варзишгарону меҳмонони даъватшуда ва дархосту пешниҳодҳо мусоидат намояд.

5.   Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ, риояи Маромномаи сокини пойтахт тадбирҳои зарурӣ андешанд.

6.  Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои махсуси дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои пардохти хароҷоти мусобиқаи Ниммарафони IX байналмилалии Душанбе мутобиқи  харҷномаи замимагардида 398 053 (сесаду наваду ҳашт ҳазору панҷоҳу се) сомонӣ ҷудо намояд.

7.  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкур ва рафти татбиқи чорабиниро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

8.  Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

                Рустами  Эмомалӣ