Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
13 Апрель 2018

Дар бораи эълони озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ оид ба таҳияи беҳтарин муҷассамаҳои мутафаккирон дар боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»

Бо мақсади иҷрои банди 3 амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2018, №АП-1016 ва банди 2 қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 13 марти соли 2018, №177 «Дар бораи ба номи «Низомиддин Алишер Навоӣ» номгузорӣ намудани боғи «50-солагии ҷавонон», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ»

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1. Озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ барои таҳияи беҳтарин муҷассамаҳои мутафаккирон Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ дар боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» аз 16 апрели соли 2018 то 15 июни соли 2018 бо ҷамъбасти он на дертар аз 20 июни соли 2018, тавассути нашрияҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва шабакаҳои интернетӣ эълон карда шавад.

2. Комиссияи озмунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тибқи замимаи 1 ва тартиби озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад.

3. Комиссияи озмунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор карда шавад, ки баргузорӣ ва ҷамъбасти озмуни кушодро дар муҳлати зикргардида тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонад.

4. Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи меъморони Тоҷикистон ва Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби беҳтарин меъморон, рассомон ва ҳайкалтарошони ватанию хориҷӣ тадбирҳо андешад.

5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкур ва мукофотҳои пешбинишударо тавассути васоити ахбори оммаи электронию чопӣ таъмин намояд.

6.  Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳр – сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

                                                                              Рустами  Эмомалӣ