Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 Апрель 2018

ш.Душанбе, 14.04.2018. Имрӯз беш аз 800 нафар кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Устод Рӯдакӣ ба ҳашари умумишаҳрӣ таҳти унвони "Хуррамгардонии Душанбешаҳр рисолати сокинони пойтахт" баромаданд.

Дар ҳашари оммавӣ кормандони ниҳодҳои зертобеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳудуд, роҳрав, низоми обрпарто ва гулгашту чаманзорҳои боғро рубучин карда, хасу хошок ва гилу партовҳои дигарро ҷамъоварӣ намуданд.

Инчунин иштирокдорони ин тадбири оммавӣ баҳри нашъунамои хуб назди ниҳолу дарахтон ва гулу буттаҳои ороишии боғро нарм карданд.

Тадбири ободонӣ дар асоси нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи пойтахт ташкил гардида, мақсади он тозаву озода намудани боғу гулгашт ва роҳу хиёбонҳои пойтахт, ҳамчунин саҳм гузоштан дар тадбирҳои андешидаи роҳбарияти шаҳри Душанбе дар самти ободу зебо гардонидани пойтахт ва фароҳам овардани шароити хуби санитариву экологӣ дар марказҳои оммавии шаҳр роҳандозӣ карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки шанбеи сеюми моҳи апрел тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" дар саросари кишвар ҳамчун Рӯзи пойтахт таҷлил карда мешавад.

Субҳи имрӯз дар доираи нақшаи баргузории машқҳои оммавӣ – варзишӣ таҳти унвони “Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст”, ки аз ҷониби  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст,  кормандони сохтору ниҳодҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Устод Рӯдакӣ” ба машқи пагоҳирӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Ёдовар мешавем, ки машқҳои пагоҳирӯзӣ тибқи нақшаи баргузории машқҳои оммавӣ рӯзҳои шанбе дар боғҳои фарҳангӣ фароғатӣ ташкил гардида, дар он тамоми кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок менамоянд.